ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, сешанбе, 254-умин рӯзи соли 2018 аст

Сентябрь 11, 2018 08:00

11 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки барои иштирок ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф оварданд, мулоқот анҷом доданд.

***

2 сол пеш, 11 сентябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012  шабакаи давлатии телевизионии «Тоҷикистон» ба пахши барномаҳои шабонарӯзӣ оғоз кард.

 

11 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Аргентина  — Рӯзи муаллимон

 

РӮЙДОДҲО:

11 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баррасӣ гардиданд.

***

11 сентябри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи «ЭКСПО-2017» Ҷоизаи тилло ва ҷои якумро сазовор гардида, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои арзанда гирифт.

***

79 сол муқаддам, 11 сентябри соли 1839 дар Канада аввалин мусобиқаи варзиши сабук баргузор гардид.

***

11 сентябри соли 1852  дар шимоли Колумбия аввалин рӯзнома-«Olympia Columbian» нашр шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1971 Миср конститутсияашро қабул кард.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1888 дар маросими кушодашавии намоиши саноатӣ дар Торанто аввалин маротиба сабти садои инсон амалӣ карда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Сентябрь 11, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш