ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, панҷшанбе 256-умин рӯзи соли 2018 аст
13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай суханронӣ карданд.
***
4 сол пеш, 13 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба имзо расид.
13 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи мелиораторон.
***
Дар Россия – Рӯзи барномасозон.
РӮЙДОДҲО:
3 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарикии стратегӣ ба имзо расид.
***
13 сентябри соли 2011 дар шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон)-и вилояти Суғд Форуми байналмилалии иқтисодии «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – иқтидори рушд» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1745 аввалин атласи ҷуғрофии Россия нашр шудааст.
***
13 сентябри соли 1788 шаҳри Ню-Йорк пойтахти ИМА эълон карда шуд.
***
63 сол муқаддам, 13 сентябри соли 1955 миёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶФ Германия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 Тоҷикистон аз сари нав иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи хӯроквории WorldFood Moscow, ки 11 сентябри ҳамон сол дар шаҳри Москва баргузор гардид, шуд.
***
Соли 1922 баландтарин ҳарорати ҳаво дар Африка ба қайд гирифта шудааст, ки +57,8°С-ро ташкил дод.
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.