ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, сешанбе, 261-умин рӯзи соли 2018 аст

Сентябрь 18, 2018 08:05

18 сентябри соли 2008 дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

5 сол пеш, 18 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистону Россияро, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, барои тасдиқ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд.

18 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи мусиқии миллӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ситорашиносӣ.

РӮЙДОДҲО:

18 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Америка дар доираи созмонҳои байналхалқӣ баррасӣ шуд.

***

18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Фазои дӯстӣ» доир шуд.

***

6 сол пеш, 18 сентябри соли 2012 дар пойтахти мамлакат   намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар ба истифода дода шуданд.

***

71 сол муқаддам, 18 сентябри соли  1947 Раёсати марказӣ-иктишофии ИМА таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1980 аввалин киштии кайҳонии «Союз-38» бо кайҳоннаварди кубагӣ  ба кайҳон баромад.

***

18 сентябри соли  1981 дар Франсия ҳукми қатл бекор карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷамъомади ҷумҳуриявии  адвокатҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1851 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» аз нашр баромад, ки 2 сент арзиш дошт.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

 

Сентябрь 18, 2018 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, душанбе, 286-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст