ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2018 аст
27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.
***
5 сол пеш, 27 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
27 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии туризм.
***
Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.
***
Дар Россия — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.
РӮЙДОДҲО:
27 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.
***
27 сентябри соли 1791 ба яҳудиёни Франсия шаҳрвандӣ дода шуд.
***
197 сол муқаддам, 27 сентябри соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 1905 дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.
***
27 сентябри соли 1953 Япония қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1977 аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор ҷараёни барқ ҳосил кард.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад