«ТАШАККУР БА ШУМО БАРОИ ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ БЕҲТАРИНИ САЙЁРА!». Муаллими таърих аз Россия ба Президенти Тоҷикистон нома навишт
ДУШАНБЕ, 03.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муаллими таърих, сайёҳ, муҳаққиқ, нависанда ва суратгир аз Россия Тимофей Балико, ки моҳи августи соли 2018 аз Тоҷикистон баргашт, аз ин минтақаи АвроОсиё ба ваҷд омада, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома навишт. Нома ва аксҳои ин сайёҳро, ки дар шабакаи ҷаҳонии Фейсбук ва сомонаи «Маркази Лек Гумилёв» ҷой дода шудааст, бознашр мекунем.
«Салом, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!
Ба ман, муаллими таърих, ҷомеашиносӣ ва кишваршиносии мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Шелковскийи вилояти Москваи Федератсияи Россия, моҳи августи соли 2018 муяссар гардид, ки бо мақсади тадқиқоти этнографӣ ба кишвари дилфиреби Шумо сафар намоям ва ҳоло мехоҳам ба Шумо барои меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии мардуми одии тоҷик, меҳнаткашони Тоҷикистон самимона изҳори сипос намоям. Тайи даҳ соли охир банда бо мақсадҳои тадқиқотӣ ба минтақаҳои гуногуни саёраамон — Чин, Ҳиндустон, Мексика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Исроил, Фаластин, Эрон ва дигар кишварҳо сафар кардам. Ба ақидаи ман, Тоҷикистон, бешубҳа, кишвари аз ҳама дӯсту қарин барои сайёҳон мебошад. Оид ба хайрхоҳӣ ва меҳрубоние, ки зоҳир карда шуд, мисолҳои зиёде оварданг мумкин аст. Одамони ношинос дар Душанбе вақте фаҳмиданд, ки ман аз Россия омадаам, борҳо аз кору бор ва хатсайрҳои худ раҳо шуда, маро гирд мегирифтанд ва нисбат ба Россия барои дӯстии дерина дар ҳолатҳои душвор ва мушкил изҳори сипос менамуданд; тоҷикон мудом кӯшиш менамуданд, ки маро бо таомҳои миллӣ меҳмондорӣ кунанд ва меҳрубонию омодагии кӯмак зоҳир менамуданд.
Муносибати аз ҳама барҷаста нисбат ба сайёҳон ин аст, ки мардуми Тоҷикистон, тоҷирон дар маҷмӯъ ба меҳмонон мол ва хизматрасониро бо нарҳҳои дучанда ё сечанд, ки ин дар бисёр кишварҳои дунё қабул шудааст, пешкаш намекунанд. Ин гуна муносибатро ҳадди ақал дар Эрон метавон мушоҳида кард. Чунин муносибат нисбат ба меҳмонон эҳсоси боварӣ ба кишварро зуд ба бор овард ва ман дар Тоҷикистон қисме аз роҳро бепул бо мошинҳои роҳгузар тай намуда, бори дигар аз меҳрубонии аҳолӣ ба ҳайрат афтодам. Ронандагон омода буданд, ки самти роҳи худро тағйир дода, маро ба нуқтаҳои дурдасти Тоҷикистон бубаранд, то ки тамоми зебоии кӯҳҳо ва кӯлҳои баландро нишон диҳанд. Ин бисёр гуворо буд.
Шубҳа надорам, ки ин ҳама аз доштани таърихи қадимаву бой ва пайравӣ ба анъанаҳост, ки мардуми Тоҷикистон дар кишвари Шумо тавонистанд ҳифз кунанд. Россия дар ин маврид бояд аз Тоҷикистон биомӯзад.
Дар осорхонаҳо ва аз шаҳрвандони оддӣ банда барои худ ба таври муфассал доир ба таърихи қадимаи тоисломии Тоҷикистон, Давлатдории суғдиён ва даврони шӯравӣ маълумот гирифтам.
Бо мақсади таҳкими дӯстии халқҳо ман аллакай ба Вазири маорифи Федератсияи Россия О.Ю. Василева бо пешниҳоди омӯхтани имконияти афзоиши шумораи соатҳои дарсӣ дар барномаҳои таълимии макотиби Россия барои омӯзиши таърихи Тоҷикистон, чун дигар ҳамсоякишварҳои тамаддуни АвруОсиё, нома ирсол доштам. Бо рӯҳбаландии беандоза ба рушди лоиҳаҳои гуманитарӣ миёни Россия ва Тоҷикистон, ки дар доираи онҳо муаллимон аз Россия дар Тоҷикистон рафта, фаъолият мекунанд, менигарам. Хушҳолам, ки фаъолияти ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ ба ҳамкории наздики давлатҳоямон мусоидат мекунад.
Ташаккури зиёд ва самимона ба Шумо барои яке аз кишварҳои беҳтарини сайёра-Тоҷикистон!».









Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд






