ТЕЪДОДИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 140 АДАД РАСИД! Дар Душанбе таҳти унвони «Сайёҳии байналмилалӣ- омили рушди устувор» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҳти унвони «Сайёҳии байналмилалӣ- омили рушди устувор» Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони як зумра вазорату идораҳо, намояндагони сафоратҳои муқими шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа, шарикони рушд ва устодону донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ иштирок доштанд.
Дар конференсия раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имкониятҳои сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ карда мешаванд.
Роҳбари Кумита иброз дошт, ки имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ чорабиниҳои сатҳи баланд доир гардида, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барномаҳои ҷалби гурӯҳҳои нави сайёҳиро таҳия ва пешниҳод мекунанд.
«Дар ҳашт моҳи соли равон зиёда аз 60 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуда, аз имтиёзҳои фароҳам овардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бархурдор гардиданд. Дар маҷмӯъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 140 адад расид»,- зикр намуд Н.Абдуғаффорзода.
Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баён дошт, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ гардидааст. Зикр шуд, ки бо мақсади тараққӣ додани инфрасохтори сайёҳӣ ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт дар муҳлатҳои наздик Шӯро оид ба рушди сайёҳӣ таъсис дода мешавад.
Ҳамчунин дар конференсияи мазкур иштирокчиён вобаста ба ташаббусу дастигириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, таъмини амнияти сайёҳон ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари таблиғотию иттилоотӣ барои пешниҳоди маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори берунаи хизматрасонӣ андешаронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки соли 2017 дар тамоми ҷаҳон қариб 1,2 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шуданд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафари сайёҳӣ мерасад.
Ин омилҳо аз мо тақозо мекунанд, ки барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз тамоми имконияту захираҳо истифода бурда, аз манфиатҳои соҳа бархурдор шавем.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






