20 октябр-Рӯзи муҳофизат аз заминларза. Барномаи «Shake out» бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва олии шаҳри Хоруғ роҳҳои наҷот аз заминларзаро тамрин кард

Октябрь 20, 2018 10:24

ХОРУҒ, 20.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар идораву муассисаҳои таълимию тандурустии 20 давлати дунё, ки дар баробари зилзила осебпазир ҳастанд, бахшида ба Рӯзи муҳофизат аз заминларза, ки 20 октябр таҷлил мегардад, бо ширкати беш аз 1 миллион нафар таҳти унони «Shake out» машқҳои назариявию амалӣ баргузор мегарданд. Дар Тоҷикистон барномаи мазкур бо ибтикори шарикони рушди Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати  ҷумҳурӣ гузаронида шуда, сокинони минтақаҳои кӯҳистон ба ин машқҳо фаро гирифта мешаванд.

Машқи навбатӣ дар муассисаҳои рушди барвақтии кӯдакон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ доир гардид, ки дар он хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон ширкат намуданд.

Ҳамоҳангсози  Барномаи рушди барвақтии кӯдакон дар Осиёи Марказӣ Меган Килнер гуфт, ки «назар ба маълумоти  Пажуҳишгоҳи зилзиласанҷии Тоҷикистон, ҳамасола дар ин кишвар  чандин маротиба таконхӯрии шадиди замин ба қайд гирифта мешавад ва аз ҳама бештар дар чунин офати табиӣ кӯдакон осеб мебинанд. Аз ин рӯ барномаи «Shake out» кӯшиш мекунад, ки ба тамринҳои худ ин қишри осебпазири ҷомеаро ҷалб намояд. Машқҳо ҳам ба тарзи назариявӣ ва ҳам амалӣ баргузор мегарданд. Кӯдакон дар ҳар куҷое, ки набошанд- хоҳ дар хона, хоҳ дар кӯдакистон, бояд  донанд, ки дар сурати сар задани зилзила худро чӣ гуна аз ин офат ҳифз намоянд.  Азбаски кӯдакон хотираи қавӣ доранд,  дар чунин лаҳзаҳо метавонанд ба волидони худ ҳам барои пайдо кардани ҷои амн кумак расонанд. Ҳангоми доир кардани машқҳои амалӣ мураббияҳои маҳаллӣ аз дастуру роҳнамо ва таҷрибаи амалии мутахассисони кишварҳои гуногуни хориҷӣ истифода мебаранд».

Октябрь 20, 2018 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад