«ҶАНГ ДАР ОН СӮИ БАҲР…». Дар Душанбе романи нависандаи машҳури Япония Рю Мураками ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Эр-граф» китоби наверо бо номи «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад» ба нашр расонид. Китоби мазкур романи нависандаи машҳури японӣ Рю Мураками мебошад, ки доир ба фоҷиаи шахсӣ, фалокатҳои воқеӣ, тарсу ҳароси доимӣ ва хаёлоти дардовар нақл карда, онро рӯзноманигор Абдуғаффор Қурбонов аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Абдуғаффор Қурбонов зикр намуд, ӯ то ин вақт ду китоби нависандагони маъруф ва барҷастаи адабиёти Япония- Тэтсуо Миура ва Тэру Миамоторо тарҷума, нашр ва пешкаши хонандагон гардонидааст. Инак китоби сеюм тарҷумаи асари нависандаи машҳури Япония Рю Мураками аст, ки таҳти унвони «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад» пешниҳоди хонандагон гардид.
Бояд зикр намуд, ки номи нависанда Рюноске Мураками буда, мавсуф 19 феврали соли 1952 дар шаҳри Сасебо, воқеъ дар префектураи Нагасаки ба дунё омадааст. Ҳаёти эҷодии нависанда замоне оғоз ёфт, ки вай бори аввал романи «Тамоми тобишҳои ранги кабуд»-ро пешкаши хонандагон намуд. Китоби мазкур бо теъдоди 1 млн нусха ба фурӯш рафт. Бархе мунаққидон ҳамон лаҳза Муракамиро асосгузори ҷараёни нав дар адабиёти Япония эълон карданд.
Соли 1977 романи «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад» ба нашр расида, машҳур шуд.
Шӯҳрати асарҳои Рю Мураками кайҳо аз қаламрави кишвари тулӯъи офтоб берун рафтааст. Иқтибосҳо аз романҳои вай дар саҳифаҳои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тез-тез пайдо мешаванд.
Бояд гуфт, ки айни замон Мураками аз рӯйи асарҳои худаш филм ба навор мегирад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






