Ба Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавӣ дар самти илми бунёдӣ дода шуд

Октябрь 12, 2018 14:50

ДУШАНБЕ,12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ҷаласаи VI Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷараёни он иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки ба Институти физикаи Академияи илмҳои Россия ва Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавӣ дар самти илми бунёдӣ дода шавад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷаласаро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, дар бораи фаъолият ва ҳамкории байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба илми бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамоҳангии муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти тадқиқоти бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Шартнома дар бораи таъсиси фонди байнидавлатии илмию тадқиқотии кишварҳои аъзои ИДМ, лоиҳаҳои  илмии ояндадоре, ки ба самтҳои афзалиятноки тадқиқоти бунёдии кишварҳои узви ИДМ мувофиқанд, баррасӣ намуданд.

Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор ба имзо расиданд.

Аз ҷумла, дар бораи соли 2019 баргузор гардидани ҷаласаи VII Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор ба имзо расид.

Баъди анҷоми кори ҷаласа намояндагоникишварҳои ИДМ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар боздид ба амал оварданд.

 

Октябрь 12, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад