«БАРОН-2». «Ӯзбекфилм» банаворгирии қисмати дуввуми филми машҳурро дар бораи фаъолияти мақомоти амниятӣ бо ширкати ҳунармандони Тоҷикистон оғоз кард
ДУШАНБЕ, 02.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Киностудияи «Ӯзбекфилм» банаворгирии қисмати дуввуми филми «Барон»-ро бо ҷалби ҳунармандони синамои тоҷик оғоз намудааст. Тавре аз киностудияи «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, коргардони ин филм Рустам Саъдиев аллакай панҷ нафар ҳунармандони тоҷикро барои офаридани нақшҳои гуногун даъват намудааст. Гуфта мешавад, ки «Барон» нахустин филми муштараки синамогарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад ва наворгарии он дар зудтарин фурсат дар ҳудуди Тоҷикистон низ идома пайдо хоҳад кард.
Тавре пештар хабар дода будем, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир карда шуданд, ки дар ҷараёни онҳо миёни Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва агентии «Ӯзбеккино» тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Тавре муовини директори «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, тибқи ин санад минбаъд киностудияҳои ду кишвари ҳамсоя ва дӯст ҳунармандони худро барои иҷрои нақшҳо ба филмҳояшон даъват намуда, аз имкониятҳо ва таҷҳизоти ҳамдигар бемамониат истифода ва ба паҳн намудани филмҳояшон дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат менамоянд.
Коргардони ӯзбек Рустам Саъдиев яке аз иштирокчиёни Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Душанбе буд ва дар пойтахти Тоҷикистон барои иҷрои нақшҳо дар қисмати дуввуми филми «Барон» ҳунармандони тоҷик Қурбон Собир ва Таҳмина Раҷабоваро интихоб кард. Ин нахустин иқдоми ҳамкории синамогарони тоҷику ӯзбек баъди имзои санади ҳамкорӣ ва умуман дар чандин соли охир мебошад.
Рустам Саъдиев дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки аз ҳамкорӣ бо ҳунармандони тоҷик умедвориҳои зиёд дорад. Вай гуфт, ки барояш шурӯи ҳамкорӣ бо синамогарони тоҷик ифтихор аст ва бовар дорад, ки маҳсули ҳамкории онҳо дар ниҳоят қобили қабули тамошобини ҳарду кишвар хоҳад шуд.
Рустам Саъдиев дар як сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки солҳо дар орзуи ҳамкорӣ бо синамогарони тоҷик буд. Зеро, ба гуфтаи вай, чаҳраи бештаре аз ҳунармандони тоҷик синамозеб аст ва ҳирфияти онҳо дар арсаи байналмиллалӣ низ собит шудааст».
Коргардон афзудааст, ки раҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон инак шароитро барои расидан ба ин орзуи дерина фароҳам сохтаанд ва ӯ миёни коргардонҳо нахустин шуда, аз ин имконият истифода мекунад.
Тавре Рустам Саъдиев иттилоъ додааст, маблағи харҷи таҳияи ин филми муштаракро асосан ҷониби Узбекистон пардохт мекунад, аммо бояд имзои созишномаи ниҳоӣ дар мавриди таҳияи ин филмро интизор шуд. Вай афзудааст, ки қарор аст дар ин филм саҳнаҳои амалиёти муштараки мақомоти амниятии Тоҷикистону Узбекистон дар роҳи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва ифротӣ шудани аҳолии ду кишвар истифода шавад.
Мавриди зикр аст, ки қисмати аввали филми «Барон» аз фаъолияти мақомоти амниятӣ, муборизаи онҳо бо қочоқчиёни маводи мухаддир ва истифодаи маблағҳои қочоқчиён дар амалиётҳои террористӣ ва тундгароӣ нақл мекунад. Дар филм актёр Фарҳод Маҳмудов, ки пас аз филми бисёрсериягии «Бригада»-и коргардон Алексей Сидоров бештар маҳбубият касб намуда, сазовори унвони Ҳунапешаи шоистаи Россия гардидааст, инчунин ҳунарманди машҳури Голливуд Ҳасан Масъуди арабитабор нақш офаридаанд. Саҳнаҳои қисмати қаблии филм на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Россия ва Туркия низ наворбардорӣ шудаанд.

Дар маросими тақдими ҷоизаи «Эътироф-2016» моҳи феврали соли 2017 беҳтаринҳои соҳаи синамо эълон шуданд.

Дар бахши аввали филми «Барон»-и Рустам Саъдиев як ҳунарпешаи Ҳолливуд Ҳасан Масъуд ҳам бозӣ кардааст.











Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид






