Дар Душанбе Фестивали VI байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Фестивали VI байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо тантана ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб иброз дошт, ки фестивали мазкур ҳунармандони зиёдеро аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳам оварда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг тадбири беҳтарин мебошад.
Мавсуф бо умедворӣ изҳор дошт, ки фестивали шашум, ки барномаи онро намоишҳои театрҳои лӯхтаки кишварҳои ба мо дӯст: Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Украина зеб медиҳанд, дар фазои фарҳангии Тоҷикистон ба як иди хотирмони наврасон, иди сурурбахши театрҳои лӯхтак табдил меёбад.
Маросими ифтитоҳи фестивал 22 октябри соли равон дар майдончаи назди Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе ботантана доир гардид.
Дар он намояндагони фарҳангу санъат ва мухлисони санъати театрӣ, намояндагони соҳаҳои гуногун ва ВАО иштирок намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки фестивали мазкур дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, сол то сол рангу маънии тоза меёбад. Он дар дилу дидаи наврасон шавқу завқ, эҳсоси зебоишиносӣ, муҳаббат ба зиндагӣ ва Ватани маҳбубро бедор месозад.
Мавриди зикр аст, ки Фестивали VI байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории Тоҷикистон ташкил гардида, дар доираи фестивал баргузории намоишномаҳо, конфронсҳо ва вохӯриҳо дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки фестивал аз 22 то 26 октябри соли равон идома меёбад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






