Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Октябрь 13, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар доираи Фестивали байналмилалии «Чакан», ки  бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 11 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷараён дорад, намоиш- фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи фестивал роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи ҳунармандӣ фароҳамовардаи Роҳбарияти Олии кишвар ёдовар шуд.

Зикр гардид, ки имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ фароҳамовардаи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ба рушди сайёҳӣ дар кишвари мо, ки имкониятҳои бузургро дар худ дорад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии мардум таъсири мусбӣ мерасонад. Рушди ҳунарҳои миллӣ бо дарназардошти озод намудани ҳунармандон аз пардохтҳои ҳатмии андозӣ ва таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” яке аз он дастгириҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳунармандон ва ҳунари қадимаи миллӣ мебошад.

Чакан-гулдузии қадимаи миллӣ буда, яке аз унсурҳои таърихии миллати тоҷик маҳсуб ёфта ба феҳрасти ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба намудани ҳунармандон бо ҳунарамндони дигар давлатҳо, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҳунармандон оид ба андоз, стандартизатсия, гумрук, хуҷҷатгузорӣ дар рафти фаъолияти худ, баланд бардоштани таҷрибаи ҳунармандон оид ба тарзи дуруст пешниҳод намудани маҳсулоти худ дар намоишгоҳҳо мебошад.

Ҳамчунин, дар Фестивали мазкур барои ҳунармандон Сессияҳои омӯзишӣ аз тарафи мутахассисони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гирифтани маълумоти пурра нисбати баровардани маҳсулотҳои ҳунармандӣ ба давлатҳои хориҷа, андозбандӣ дар рафти фаъолияти ҳунармандӣ ва стандартизатсия, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҳунармандон оид ба андозбандӣ, стандартизатсия, гумрук ташкил гардид.

Инчунин, оид ба дизайн, сифати маҳсулот, омода намудани маҳсулотҳои ба талаботи бозор ҷавобгӯ, омӯзиши таҷрибаи муттахасисон аз кишварҳои ИМА, Эстония, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Украина, баргузор гардид. Таҷрибаи бадастоварда барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, дар доираи кори фестивал байни фурушандагон ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Фестивали байналмилалии «Чакан» то 14 октябр идома ёфта, сокинони мамлакат ва сайёҳон имкон доранд, ки маҳсули дасти ҳунармандонро аз намоиш-фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон харидорӣ намоянд.

 

Октябрь 13, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд