Дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар намоиши аксҳои Шуҳрат Ёров ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дирӯз, 7 октябри соли 2018 дар пойтахти Давлати Қатар-шаҳри Доҳа намоиши аксҳои рассоми тоҷик Шуҳрат Ёров ифтитоҳ гардид. Меҳмонон аз маҳсули эҷодии аксбардор дидан намуда, иқрор гардиданд, ки Тоҷикистон воқеан кишвари сайёҳӣ мебошад.
Ҳадафи намоишро аксбардори тоҷик ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду давлат ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми Қатар маънидод намуд. «Соли 2018 дар қаламрави мамлакат бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Рӯ овардан ба ин масъала талабот ва тақозои замон аст. Тоҷикистони мо дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад, ки дар баробари сокинони кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандони Давлати Қатар ҳам ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ба намоиш гузоштани манзараҳои нотакрори кишвар, аз ҷумла маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарҳои дастии мардумӣ барои таблиғи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меоварад»,- гуфт Шуҳрат Ёров.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аҳли фарҳанг ва сокинони шаҳри Доҳа иштирок намуданд. Дар зиёда аз 80 акс ҳунарҳои мардумии минтақаҳои Тоҷикистон, имкониятҳои сайёҳӣ, либосҳои миллӣ, симои зебои зани тоҷик, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ҷойҳои таърихиву фарҳангии кишвар ва табиати зебои Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуданд.
Аксҳои ба намоиш пешниҳодшуда бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон кишвари сайёҳист ва табиати дилфиреб, гулу буттаҳои диққатҷалбкунанда, гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои он дили садҳо нафар сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.












Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






