Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон

Октябрь 25, 2018 10:27

ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон ширкат карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани ҷумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Хабар дода шуд, ки тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1” амалӣ гардид. Барои тадбиқи ин ҳадафҳо қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, ба он дастрасӣ пайдо карданд.

Дар чаҳорчӯбаи тадбиқи ин лоиҳа хатҳои магистралии обтаъминкунии шаҳри Гулистон бо дарозии умумии 12 ҳазору 384 метр ба анҷом расонида шуд. Инчунин барқарорсозии 4 стансияи насосии барориши 2-юм, навсозии 8 чоҳи амудӣ бо васл кардани таҷҳизоти барқиву насосӣ, сохтмони 7 чоҳи амудӣ, кашидани хати баландшиддат дар масоҳати 1700 метр ва гузоштани 5 зеристгоҳи барқӣ, кашидани хати технологӣ бо қубурҳои полиэтилинии қутрашон гуногун дар масофаи 2650 метр, ободонии ҳудуди обанбори марказӣ, мумфарш намудани роҳ аз обанбор то маркази шаҳр, сохтмони бинои хлоркунӣ ва таъмири бинои анбори нигоҳдории маводи безараргардонӣ, ивази зеристгоҳи барқӣ дар обанбори марказӣ сифатан хуб сомон дода шуд. Дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳамин ҳадафҳо Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон соҳиби 7 адад техникаи коммуналӣ низ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сокинони шаҳри Гулистон ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи тадбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

 

Иштирок дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон 25.10.2018

Октябрь 25, 2018 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид