«МИЛЛАТАМ ТОҶИК-ЗАБОНАМ ТОҶИКИСТ». Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар Академияи илмҳо конференсияи байналхалқии илмӣ-назариявӣ доир гардид

Октябрь 5, 2018 11:45

ДУШАНБЕ, 05.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон 5  октябр дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, имрӯз дар  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» конференсияи байналхалқии илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи конференсия президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа  Масрур Абдуллозода сухан карда, иштирокдоронро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуданд.

Зикр гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт, фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст. Гиромидошт, риояи меъёрҳо ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як фард ба ҳисоб меравад.

Дар конференсия олимону забоншиносони Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва дигар муассисаҳои давлатӣ дар бораи бузургии забони тоҷикӣ, мушкилот ва ҳифзу нигоҳдошти он дар ҷаҳони муосир андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки дар тӯли таърих фарзандони миллати тоҷик ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд.

Ҳамакнун ин рисолатро дар охирҳои асри XX ва авалҳои асри XXI Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, саҳми Пешвои миллат хеле бузург аст. Воқеан дар даврони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки яке аз онҳо забони давлатӣ аст, ҳомие зарур буд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон дар ситоиши забони тоҷикӣ шеърҳо қироат шуда, ҳамоишро рангину таъсирбахш гардониданд.

Конференсияи илмӣ аз ду бахш иборат буда, бахши аввал дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИҶТ ва бахши дуюм дар Китобхонаи миллии ҶТ доир мегардад. Давоми рӯз забоншиносон дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ», «Афкори забоншиносии тоҷик дар замони Истиқлолият», «Равандҳои нав дар забоншиносии муосири тоҷик», «Миллатам тоҷик-забонам тоҷикист», «Имлои забони тоҷикӣ ва татбиқи он дар замони Истиқлолият», «Оид ба мушкилиҳои грамматики тарҷума», «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушди забони тоҷикӣ» ва ғайраҳо маърӯза менамоянд.

Октябрь 5, 2018 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти осорхонадорӣ тақвият мебахшанд
Таҳти унвони «Забон — рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст