Президенти Федератсияи Россия донишманди тоҷикро бо медали «Пушкин» қадрдонӣ намуд

Октябрь 25, 2018 14:36

ДУШАНБЕ, 25.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон Холмаҳмад Холовро бо медали «Пушкин» қадрдонӣ намуд.

Тавре Холмаҳмад Холов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, иқдоми мазкур бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои ӯ дар рушди забону адабиёти рус дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Холмаҳмад Холов 8- умин шаҳрванди хориҷӣ мебошад, ки бо қарори Владимир Путин 24 октябри соли равон бо медали «Пушкин» сарфароз гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Холмаҳмад Холов аз соли 1996 инҷониб дар Донишгоҳи мазкур фаъолият мекунад ва ҳамчун аввалин ноиби ректори он шинохта мешавад. Номбурда ҳоло Раиси иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи мазкур мебошад.

Ӯ давоми фаъолияти илмии худ барои рушди забони русӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом додааст. Аз ҷумла, мавзӯи кори илмиаш «Таърих ва мушкилоти тарҷумаи назму насри лирикии Пушкин ба забони тоҷикӣ ва форсӣ» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Холмаҳмад Холов доктори илмҳои филологӣ мебошад.

Октябрь 25, 2018 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад