ШАҲРВАНДИ АМРИКО БАРОИ ҶАРРОҲӢ БА ДУШАНБЕ ОМАД. Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмаҳмуд Исмоилзода: «Ҳолати саломатии бемор баъд аз ҷарроҳӣ хуб аст»
ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ВАО иттилоъ доданд, табибони тоҷик субҳи 10 октябр дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе ҷарроҳии табдили гурдаи Маҳшед Ҳомидӣ, ҳамсари Иброҳим Ҳомидӣ, маъруф ба Эбӣ, ҳунарманди шинохтаи эронитабори муқими Амрикоро анҷом доданд. Баъд аз рӯзи дуюми ҷарроҳии пайванди гурдаи Маҳшед Ҳомидӣ табибон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА ҳолати беморро хуб арзёбӣ намуданд.
Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмаҳмуд Исмоилзода чунин изҳор дошт: «Бемор ба Марказ 10 рӯз пеш аз ҷарроҳӣ ворид гардида буд, мо ӯро барои ҷарроҳии пайванди гурда омода кардем. 10 октябр амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом дода шуд. Айни ҳол вазъи бемор хуб мебошад».
Тавре Радиои «Озодӣ» навиштааст, Эбии 69-сола бо ҳамсараш Маҳшед 27 сол қабл дар Амрико издивоҷ карда будааст. Ӯ дар суҳбат бао хабарнигорон изҳор намуд тамоми таронаҳои ошиқонаашро дар васфи Маҳшед сурудааст ва бо гузашти ин солҳо оташи ишқу муҳаббаташ ба ҳамсар кам нашудааст. Бо он ки овозхони маъруфи таронаҳои “Ҳариқи сабз”, “Дилтангам” ва дигарҳо пушти дари ҷарроҳӣ бо журналистони Радиои Озодӣ хеле боҷуръатона суҳбат мекард, вале эҳсос мешуд, ки садояш каме меларзад. Вақте чанде аз дӯстонаш ба назди ӯ омаданд, чашмонаш пур аз об шуд ва чеҳрааш тар шуд. Эҳсосе, ки натавонист пинҳон кунад.
Ба гуфтаи ин овозхон, ҳамсари 53-солааш чанд соли охир аз дарди гурда ранҷ мекашид ва ниҳоят дӯстони табибаш тавсия доданд, ки ҷарроҳии пайвандсозиро дар Тоҷикистон анҷом диҳад.
Бояд зикр намуд, ки ҳунарманди шинохтаи эронӣ Иброҳим Ҳомидӣ, ки мухлисонаш ӯро бо номи Эбӣ мешиносанд, айни ҳол бо оилааш дар Амрико умр ба сар мебарад. Эбӣ хонандаи саршиноси попи эронӣ мебошад, ки охири солҳои 70-ум машҳур шудааст ва дар мамлакати мо низ мухлисони зиёд дорад.
Дар давоми 50 соли овозхонӣ Эбӣ беш аз 20 албоми сурудҳояшро сабт карда, зиёда аз 100 консерти худро дар кишварҳои гуногун баргузор намудааст.
Иброҳим Ҳомидӣ ҳангоми ҷарроҳии ҳамсараш ба Тоҷикистон омада буд ва баъд аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ, ки муваффақона анҷом ёфт, субҳи дирӯз ба Амрико баргашт.
Тавре директори Марказ иброз дошт, «дар вақти ҷарроҳии пайвандсозӣ ҳунарманд Эбӣ, писараш Фаршед Ҳомидӣ ва дӯстону наздиконашон ҳузур доштанд. Баъд аз он, ки ҳолати ҳамсараш хубтар шуд, Эбӣ ба Амрико баргашт ва рӯзҳои наздик боз ба Тоҷикистон хоҳад омад».
Бо иттилои ҳамсуҳбат, ба Маҳшед Ҳомидӣ гурдаи яке аз хешовандони наздикаш пайванд карда шуд ва феълан ҳолати он нафар низ хуб буда, аз шуъбаи эҳё ба ҳуҷраи табобатӣ интиқол дода шудааст. Маҳшед Ҳомидӣ пас аз ҷарроҳӣ муддати 10 рӯз дар беморхона зери назорати духтурони тоҷик мемонад. Баъди пурра барқарор шудани саломатиаш метавонад ба ватанаш баргардад.
Мавриди зикр аст, ки давоми соли равон дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба зиёда аз 25 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Инчунин ба 108 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷарроҳи пайвандсозӣ гузаронида шудаст, аз ҷумла ба 95 нафар ҷарроҳии пайванди гурда ва ба 16 нафари дигар ҷарроҳии пайванди ҷигар.
Ин аз таҷриба, малака ва сатҳи баланди тахассусии ҷарроҳони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар шаҳри Душанбе дарак медиҳад.








Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






