ШАҲРВАНДИ АМРИКО БАРОИ ҶАРРОҲӢ БА ДУШАНБЕ ОМАД. Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмаҳмуд Исмоилзода: «Ҳолати саломатии бемор баъд аз ҷарроҳӣ хуб аст»

Октябрь 12, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ВАО иттилоъ доданд, табибони тоҷик субҳи 10 октябр дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе  ҷарроҳии табдили гурдаи Маҳшед Ҳомидӣ, ҳамсари Иброҳим Ҳомидӣ, маъруф ба Эбӣ, ҳунарманди шинохтаи эронитабори муқими Амрикоро анҷом доданд. Баъд аз рӯзи  дуюми ҷарроҳии пайванди гурдаи   Маҳшед Ҳомидӣ   табибон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА ҳолати беморро хуб  арзёбӣ намуданд.

Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон  Саидмаҳмуд Исмоилзода   чунин изҳор дошт:  «Бемор ба Марказ   10 рӯз пеш аз ҷарроҳӣ ворид гардида буд,  мо ӯро барои ҷарроҳии пайванди гурда омода кардем.   10 октябр амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом дода шуд.  Айни ҳол вазъи бемор хуб мебошад».

Тавре Радиои «Озодӣ» навиштааст,  Эбии 69-сола бо ҳамсараш Маҳшед 27 сол қабл дар Амрико издивоҷ карда будааст. Ӯ дар суҳбат бао хабарнигорон изҳор намуд тамоми таронаҳои ошиқонаашро дар васфи Маҳшед сурудааст ва бо гузашти ин солҳо оташи ишқу муҳаббаташ ба ҳамсар кам нашудааст. Бо он ки овозхони маъруфи таронаҳои “Ҳариқи сабз”, “Дилтангам” ва дигарҳо пушти дари ҷарроҳӣ бо журналистони Радиои Озодӣ хеле боҷуръатона суҳбат мекард, вале эҳсос мешуд, ки садояш каме меларзад. Вақте чанде аз дӯстонаш ба назди ӯ омаданд, чашмонаш пур аз об шуд ва чеҳрааш тар шуд. Эҳсосе, ки натавонист пинҳон кунад.

Ба гуфтаи ин овозхон, ҳамсари 53-солааш чанд соли охир аз дарди гурда ранҷ мекашид ва ниҳоят дӯстони табибаш тавсия доданд, ки ҷарроҳии пайвандсозиро дар Тоҷикистон   анҷом диҳад.

Бояд зикр намуд, ки    ҳунарманди шинохтаи эронӣ Иброҳим Ҳомидӣ, ки мухлисонаш ӯро бо номи  Эбӣ мешиносанд, айни ҳол бо оилааш дар Амрико умр ба сар мебарад.  Эбӣ хонандаи саршиноси попи эронӣ мебошад, ки охири солҳои 70-ум машҳур шудааст ва  дар мамлакати мо низ мухлисони зиёд дорад.

Дар давоми 50 соли овозхонӣ Эбӣ беш аз 20 албоми сурудҳояшро сабт карда, зиёда аз 100 консерти худро дар   кишварҳои гуногун баргузор намудааст.

Иброҳим Ҳомидӣ   ҳангоми ҷарроҳии ҳамсараш ба Тоҷикистон омада буд ва баъд аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ, ки муваффақона анҷом ёфт,  субҳи дирӯз ба Амрико баргашт.

Тавре директори Марказ иброз дошт,  «дар вақти ҷарроҳии пайвандсозӣ ҳунарманд Эбӣ, писараш Фаршед Ҳомидӣ ва дӯстону наздиконашон ҳузур доштанд.  Баъд аз он, ки ҳолати ҳамсараш хубтар шуд, Эбӣ ба Амрико баргашт ва рӯзҳои наздик боз ба Тоҷикистон хоҳад омад».

Бо иттилои  ҳамсуҳбат,  ба Маҳшед Ҳомидӣ  гурдаи яке аз хешовандони наздикаш  пайванд карда шуд ва феълан ҳолати  он  нафар низ хуб буда, аз шуъбаи эҳё ба  ҳуҷраи табобатӣ   интиқол дода шудааст.  Маҳшед Ҳомидӣ   пас аз ҷарроҳӣ муддати 10 рӯз дар беморхона зери назорати духтурони тоҷик мемонад. Баъди пурра  барқарор шудани саломатиаш метавонад ба ватанаш баргардад.

Мавриди зикр аст, ки давоми соли равон   дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба зиёда аз 25 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти ҷарроҳӣ  гузаронида шуд.  Инчунин ба 108 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷарроҳи пайвандсозӣ гузаронида шудаст, аз ҷумла ба 95 нафар ҷарроҳии пайванди гурда ва ба 16 нафари дигар ҷарроҳии пайванди ҷигар.

Ин аз таҷриба, малака ва сатҳи баланди тахассусии ҷарроҳони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар шаҳри Душанбе дарак медиҳад.

Октябрь 12, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
Шаҳрҳои Душанбе ва Нарваи Эстония ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳанд
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад