Тоҷикистон бори дигар дар Озмуни байналмилалии мусиқии телевизионии «Бо тамоми овоз» ширкат меварзад
ДУШАНБЕ, 23.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шабакаи телевизионии «Мир» намоиши Озмуни байналмилалии мусиқии телевизионӣ таҳти унвони «Бо тамоми овоз» («Во весь голос») шурӯъ мегардад. Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари гурӯҳи «Парвин» ва намояндаи доимии озмун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Абдуалимов иброз дошт, Тоҷикистонро имсол дар ин барнома аъзои ин гурӯҳ Фурӯғ Ниёзова, Афзалшоҳ Сафарзода ва Манижа Тошболтаева намояндагӣ мекунанд.
Барои омода намудани иштирокчиён ба озмун ва бо гурӯҳи рақсӣ таъмин намудани баромади онҳо ширкати ТАЛКО ва гурӯҳи «Babbleguys dance group» онҳоро сарпарастӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур маротибаи дуюм аст, ки дар шаҳри Москва гузаронида шуда, наврасону ҷавонони боистеъдод дар саҳнаи шабакаи телевизионии Россия барои ба даст овардани унвони дастаи беҳтарин қувваозмоӣ мекунанд.
Озмуни мазкур бо дастгирии Агентии Федералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии башардӯстона (Россотрудничество) доир мегардад.
«Бо тамоми овоз» — озмуни мусиқие мебошад, ки ҳамаи овозхонони бомаҳоратро бо ҳам муттаҳид мекунад. Дар он наврасону ҷавонони аз 13 то 17- солаи боистеъдоди 9 давлат — Россия, Тоҷикистон, Гурҷистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон иштирок хоҳанд кард.
Барои ҳар як даста як нафар ҳунарманди маъруфи кишварҳояшон ба сифати раҳомӯз мутасаддӣ гардидааст, то иштирокчиёнро дастгирӣ намуда, маслиҳат диҳад.
Мароми озмун-ин шинос намудани тамошобинон бо мусиқии маъруфи кишварҳои иштирокчӣ аст. Дар тамоми давраи баргузории озмун тамошобинон мусиқии халқӣ ва сурудҳои замонавиеро хоҳанд шунид, ки роҳбари даста бо иштирокчиён барои иҷро кардан дар озмун интихоб намудаанд.
Озмуни мусиқии телевизионии «Бо тамоми овоз» аз 16 ноябр то охири моҳи декабр дар шабакаи «МИР» намоиш дода мешавад.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта намояндаи Тоҷикистон Амал Ҳафизова дар озмуни байналмилалии мусиқии «Бо тамоми овоз» яккахони беҳтарин дар байни духтарон дониста шуд. Дар байни ҷавонписарон овозхони Молдова Денис Мидоне яккахони беҳтарин эълон гардид. Гурӯҳи «Жулдыздар» аз Қазоқистон гурӯҳи беҳтарини мусиқӣ, дастаи ҳаваскорони Россия дастаи беҳтарин интихоб шуданд.
Озмун моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ шуда, дар он ҳунармандони аз 12 то 16-сола аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар озмун дастпарварони студияи овозхонии «Ҳафтранг»-и шаҳри Душанбе Некрӯз Зербунов, Томирис Элназарова, Амал Ҳафизова ва Дилноз Абдуалимова намояндагӣ карданд. Роҳбарии дастаро овозхони шинохта Зафар Абдуалимов бар уҳда дошт.
Ин дафъа кадом даста ғолиби озмуни мусиқии телевизионии «Бо тамоми овоз» мешавад, инро тамошобинон дар рӯзҳои охирини соли 2018 хоҳанд донист.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






