Ҳунармандони Театри давлатии драмавии ба номи В. Маяковский бо барномаи ҳунарӣ ба шаҳри Оренбурги Россия сафар мекунанд

Октябрь 31, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 5 ноябри соли равон аҳли эҷоди Театри давлатии драмавии ба номи В. Маяковский ба шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори театри мазкур Гулнора Ахмедова иброз дошт, ҳунармандони тоҷик дар Оренбург намоиши  «Омӯрзиши Умари Хайём» -ро, ки аз ҷониби Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Рӯдакӣ, коргардон Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузошта шудааст, манзури бинандагон менамоянд. Асари мазкур ба қалами шоир ва драматурги тоҷик Темур Зулфиқоров тааллуқ дорад.

Нақшҳои асосиро ҳунармандон Х. Мустафаев, М. Дадаева, М. Яммолик, А. Дӯстов ва Д. Мурзинов иҷро хоҳанд кард.

«Умари Хайём дар таърихи фарҳанги мардумони Шарқ яке аз бузургтарин шоирону файласуфон ва риёзидонону ҳайъатшиносон буда, дар соҳаи тиб, мусиқӣ, ҷуғрофия ва илму ҳунарҳои дигар низ аз устодони комил ба шумор меравад».

Дар саҳнаи театр ақидаи ҳазломези донишманд дар бораи табиати инсон ва арзишҳои абадӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ҳунармандони театри русии Тоҷикистон тавассути ин асар зебоии фарҳанги Шарқро ба ҳамагон намоиш медиҳанд. Инчунин зимни пешниҳоди спектакл ба ҳаёти имрӯза алоқамандии зич доштани фалсафаи Умари Хайём нишон дода мешавад.

Ҳамчунин зимни сафар ҳунармандони театри В. Маяковский намоиши «Кулчача»-ро, ки аз рӯи пйесаи Олга Емелянова таҳия гардидааст, ба тамошобинони хурдсол пешкаш хоҳанд кард. Дар ин асар қаҳрамон бо тамоми ҷасорату зиракиаш бадкоронро мағлуб менамояд.

Октябрь 31, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид