Вакилони ҷавони Тоҷикистон қодиранд дар сатҳи байналмилалӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намоянд
ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ доир гардид. Дар кори ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб Дониёр Сангинов иштирок намуда, дар мавзуъҳои «Заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои байнифарҳангии ҷавонон дар Тоҷикистон» ва «Ҷараёни омодагардии лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди сохторҳои парламенти ҷавон дар давлатҳои иштирокчии ИДМ (ташаббуси Тоҷикистон)» маърӯза намуданд.
Ҳамчунин ҳайати парламентии ҷавонони Тоҷикистон дар баробари иштирок дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Конфронси байналмилалии «Сармоягузорӣ ба ҷавонон» ширкат намуд. Дар конфронс аз 35 давлати дунё ҳайатҳои расмӣ бо теъдоди 200 нафар ширкат намуда, дар бахшҳои гуногун, ба монанди васеънамоии имкониятҳо барои таҳсил ва шуғлмандии ҷавонон, дастрасии универсалӣ ба иттилоот, таҳсилот ва хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ, иштироки пурраи ҷавонон дар масъалаҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таваккалҳо ва имкониятҳои ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан гуфтанд.
Дар қисмати ниҳоии Конфронс Эъломияи Остона – Конфронси байналмилалии «Сармоягузорӣ ба ҷавонон. Ҳеҷ касро бе таваҷуҳ намегузорем!» бо 25 қисмат қабул карда шуд.
Воқеан, соли 2018 баҳри ҷавонон имкониятҳои нав фароҳам оварда, дар таҳкими ҳуқуқҳои сиёсии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо пешбарии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вакилони ҷавон ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, мунтазам дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, бахусус ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок менамояд. Инчунин он дар ҷараёни ташаккул ва рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсию маънавии ҷавонони мамлакатҳои фазои ИДМ саҳм мегузорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 таъкид намуданд: «Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва бо иродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар ин раванд зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд. Дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ сохта, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд».
Иштироки намояндагони ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла вакилони маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳияи кишвар дар ин гуна ҷаласаҳо иқдоми дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, роҳнамоии ҷавонони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва воқиф намудани онҳо аз масъалаҳои ҷаҳонишавӣ мебошад. Зеро ҷавонон доимо татбиқкунандаи иқдомҳои накӯ, дастуру ҳидоятҳо ва пайравони арзандаи Пешвои миллат мебошанд ва қодиранд дар сатҳи байналмилалӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намуда, кишвари худро ба таври мусбат муаррифӣ созанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






