Дар Бозори хайрияи кишварҳои Осиё дар Қоҳира гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябри соли 2018 дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира дар лаби рӯди Нил Сафорати Тоҷикистон дар Бозори хайрияи солонаи кишварҳои Осиё, ки онро Анҷумани ҳамсарони сафирони кишварҳои осиёӣ баргузор намуд, иштирок кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бозори хайрия дар ҳузури ҳамсари Раиси Девони вазирони Миср хонум Имон Салоҳ расман ифтитоҳ гардид.
Гӯшаи Тоҷикистонро, ки мавриди истиқболи меҳмонони сершумори мисрӣ ва хориҷӣ қарор гирифт, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, гилкорӣ, зеваролоти сангӣ ва ғайра оро доданд. Дар бозори хайрия 23 кишвари осиёӣ ширкат намуда, даромади бозор бо ҳадафҳои хайрия сарф хоҳад шуд.
Фаъолияти гӯшаи Тоҷикистон дар Бозори солонаи хайрияи Осиё тавассути расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ бозтоб гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






