Даври вилоятии Фестивал-озмуни телевизионии «Андалеб-2018» бо намоиши ҳунармандони ноҳияи Шуғнон анҷом ёфт
ХОРУҒ, 10.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Даври вилоятии фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018», ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, бо ҳунарнамоии ҳаваскорони санъати ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбаст гардид. Ин фестивал- озмун дар бинои Қасри нави фарҳанги ноҳия, ки моҳи сентябри имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, баргузор шуд.
Яке аз ҳакамони озмун Мулкамон Мамадамонов гуфт, ки «рушди соҳаи фарҳанг таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола бунёду навсозӣ гардидани даҳҳо иншооти соҳаи фарҳанг аз ин гувоҳӣ медиҳад. Озмуни «Андалеб-2018» яке аз беҳтарин роҳҳои кашфи истеъдодҳо миёни мардум аст. Инро аз таҷрибаи на чандон дури халқамон дарк кардан мумкин аст. Беҳтарин ҳунармандони кишвар, ба мисли Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Нигина Раупова, Нуқра Раҳматова ва дигарон қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи санъат маҳз тавассути чунин маҳфилҳо гузошта буданд ва баъд аз он роҳи онҳо ба саҳнаҳои бузург боз гардид. Ҳадафи баргузории ин гуна маҳфилҳо пайдо кардани наврасону ҷавонони бомаҳорат ва такмил додани истеъдоди онҳо мебошад».
Низомномаи фестивал-озмуни «Андалеб-2018» қаблан ба ҳамаи бахшҳои Раёсати фарҳанг ирсол гардида буд ва ҳаваскорони санъат таҳти роҳбарии мутахассисони касбӣ ба озмун омодагӣ диданд. Мулкамон Мамадамонов аз барномаи адабӣ-мусиқии ҳунармандони мардумии ноҳияи Шуғнон, бахусус ҳунарнамоии сеторнавоз Наврӯзмоҳ Мамаднабиева, рақси якка бо номи «Себчинӣ» дар иҷрои Дилангез Саиднаимова, суруди якка бар матни Лоиқ Шералӣ дар иҷрои Замир Раҷаббеков изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки дарёфти чунин истеъдодҳои ҷавон ҳадафи аслии озмун ба шумор меравад.
Фестивал-озмуни «Андалеб-2018» бо сюитаи рақсӣ-овозии «Шукрона», ки саршор аз меҳру муббат ба Ватану миллат ва табиати афсунгари кишвар буд, анҷом пазируфт.









Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад






