Фаттоҳ Одина бо санъати мусиқии касбӣ ба намоишҳои театрӣ рангу ҷилои тоза мебахшид

Ноябрь 8, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 08.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина таҷлил гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар ҷамъомад намоишҳои хурди ҳайати ҳунарии театрҳои пойтахт манзури тамошобинон гардиданд. Инчунин аз ҷониби сарояндагони маъруфи кишвар барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид, ки хотири ҳозиринро болида гардонид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода  кормандони соҳаи театрро бо иди касбӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки воқеан кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон қасри фарҳангиеро мемонад, ки фазои он доимо аз суруду мусиқӣ ва барномаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ саршор аст.

«Театри тоҷик, ки рукни тамаддуни умумибашарист, тӯли қариб 90 сол мавҷудияти хеш ташаккули эҳсоси зебоипарастиро дар замири наслҳо бо масъулиятшиносӣ тақвият дода, бо шарофати намоишҳои баландмазмун ва ҳунари волои шахсиятҳои муътабари саҳна, ки хушбахтона, теъдодашон зиёд аст, дар рушд ва такмили фарҳанги миллии тоҷик ва ба оламиён муаррифӣ намудани рӯзгори гузаштаю муосири пурифтихори халқамон нақши босазо дорад.

Мақом ва манзалаи театр дар марҳилаи соҳибистиқлолии кишварамон афзуда, масъулияти бештари санъаткоронро дар назди халқу Ватан тақозо менамояд»,-изҳор намуд Вазири фарҳанг.

Қобили зикр аст, ки театри тоҷик дар ҳама мавсимҳои нави театрӣ бо таҳияи намоишҳои ҷолибу пурмазмун, дастовардҳои эҷодӣ, кашфи падидаҳои нави ҳунарӣ алоқамандони ҳунарро болида месозад ва барои рушди минбаъдаи санъати театрӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Вазири фарҳанг зикр намуд, ки имсол таҷлили Рӯзи театр ба 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина рост омад, ки ин бесабаб нест. Зеро Фаттоҳ Одина бо санъати мусиқии касбӣ намоишҳои театриро рангу ҷилои тоза мебахшид.  Мавсуф дар радифи дигар устодони санъати мусиқии тоҷик мактаберо ба вуҷуд овард, ки дар он анъанаҳои беҳтарини фарҳангӣ эҳё мегардиданд.

Зикр гардид, ки ба гиромидошти хотираи композитори варзида Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик ба номи Фаттоҳ Одина гузошта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Фаттоҳ Одина оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти ба номи А. В. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Ӯ дар аксар жанрҳои мусиқӣ асар офаридааст. Аз ҷумла, операҳои «Парасту» (1967) ва «Бузаки ҷингилапо» (1985) асарҳои калони саҳнавии оҳангсозанд. «Увертюраи ҷавонӣ» (1961), достони симфонии «Ленин дар Помир» (аз рўи достони М. Миршакар, 1967), достонҳои вокалӣ-симфонии «Падарамро набаред» (барои овозҳои сопрано, баритон ва оркестри симфонӣ, 1982), «Бародарам» (порча аз достони «Мавҷҳои Днепр»-и М. Қаноат), ки дар онҳо бахту саодати ҷавонӣ,  доғи ҷанг, ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизм тасвиру васф шудаанд, аз зумраи асарҳои беҳтарини оҳангсоз ба ҳисоб мераванд. 

Ф. Одина муаллифи 8 сюитаи вокалӣ-хореографӣ ва 4 драмаи мусиқӣ буда, зиёда аз 25 асари камеравӣ эҷод намудааст. Сюитаҳои вокалӣ-хореографии «Чорзарб» (навоҳои Ш. Ҷўраев, 1972), «Ман доғ» (1977), пйессаҳои консертии «Фалак» (1973) ва «Насими кўҳсор» мазмун ва ғояи баланд доранд.

Ў инчунин барои 6 кинофилм ва 6 намоиши театрӣ мусиқӣ эҷод карда, муаллифи зиёда аз 100 суруд мебошад. Эҷодиёти ў асосан мавзўъҳои ватандӯстиву худшиносии миллиро дар бар мегирад.

Ноябрь 8, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд