ИМРӮЗ САЙЁҲОН БАРОИ АЗ НАЗДИК ДИДАНИ ПАРЧАМИ БАЛАНДТАРИН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД. Ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодонамон мерос монда, пайдоиши он таърихи хеле қадимро соҳиб аст. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормонҳои мардум мебошанд.
Тавре зимни суҳбат муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, барои мардуми сарбаланди тоҷик, ки баъд аз 1100 соли таърих соҳиби давлати мустақили худ гашт, муқаддасоти миллӣ, хусусан парчами давлатӣ, ки ифодагари истиқлолият, озодӣ ва мустақилият аст, бисёр муқаддас ва арзишманд мебошад. Имрӯз мо мебинем ва шоҳиди он мегардем, ки дар хонадони ҳар як фарди тоҷик парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва нигоҳдорӣ мешавад. Ин эҳтиром ва арҷгузории мардуми шарифи тоҷик ба ҳамон се рангест, ки озодӣ, ободӣ, саҳмгузорӣ ва шукргузорӣ аз соҳибватану соҳибдавлат буданро ифода мекунанд.
«Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ки ҳамчун мақомоти идеологӣ татбиқкунандаи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш маҳсуб меёбад, пайваста ба хотири амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан муаррифӣ ва арҷгузории муқаддасоти давлатӣ ҳам дар дохил ва ҳам хориҷ аз кишвар тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад. Имрӯз дар тамоми толорҳо, майдончаҳои варзишӣ ва иншооти варзишӣ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шудааст. Ҳар як варзишгар дар вақти тамрини худ пайваста масулияти бузург эҳсос мекунад ва талош менамояд, ки берун аз ҷумҳурӣ ба ифтихори ғалабаи ӯ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шавад»,- гуфт Ризо Назарзода.
Ба иловаи номбурда, маҳз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон имкон дод, ки орзуи чандинасраи насли наврасу ҷавони Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшад. Ҳоло бо шарофати Сарвари давлат ва сиёсати дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи насли ҷавони ин миллат амалӣ мешавад. Ҷавонон ва варзишгаронамон имрӯзҳо шарафу номуси миллатро берун аз ҷумҳурӣ дар баробари давлатҳои абарқудрати дунё муаррифӣ мекунанд ва ин бозгӯи он аст, ки муқаддасоти давлатӣ ва эҳтироми ҳар фард нисбат ба ватану миллаташ зиёд мебошад.
Вақте варзишгарони мо берун аз ватан дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромад мекунанду ғолибият ба даст меоранд, ба ифтихорашон суруди миллӣ садо дода, парчами давлатӣ барафрохта мешавад. Ҳангоми тамошо тариқи оинаи нилгун ифтихор ва ғурури милливу худшиносӣ боло мегирад ва ҳатто ашк аз дидагон ҷорӣ мешавад, ки мо имрӯз давлату миллат ва муқаддасоти худро дорем ва ба ифтихори варзишгарони мо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷаҳонӣ барафрохта мешавад. Мояи фахри варзишгарони тоҷик аст, ки имрӯз берун аз кишвар танҳо ба ифтихори ду шахсият парчами давлатӣ барафрохта мешавад, яке- роҳбарони давлатҳо ва дигар-варзишгароне, ки давлату миллатро муаррифӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб Парчами давлатии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб мешавад. Соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуд. Дар маросими ботантанаи барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, Парчами давлатиро «ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии тоҷикон» унвон намуда буданд.
Боиси сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки имрӯз сайёҳони зиёд ба хотири аз наздик дидани парчами баландтарин ба Тоҷикистон меоянд. Онҳо аз шаҳомату зебоии парчами мо ба ваҷд омада, дар назди он ба нишони ёдоварӣ акс мегиранд ва онро ба дӯстону пайвандонашон мефиристанд. Ин дар навбати худ дар дили дигар дӯстонашон низ ҳаваси дидани мамлакати зебоманзари моро бо парчами сарафрозаш бедор месозад.
«Ҳоло ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш силсилатадбирҳо, аз ҷумла суҳбату мулоқотро оид ба таърихи парчам, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона, ҳамсол ба ҳамсол ва тақсими парчами давлатиро роҳандозӣ намудааст. Тайи чанд рӯз дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми мамлакат дар тамоми муассисаҳои таълимӣ пеш аз оғози дарс 15 дақиқа дарси «Субҳи ватан» баргузор мегардад ва дар он доир ба моҳият ва муқаддасоти давлатӣ, таърихи миллати тоҷик сухан гуфта мешавад. Тавре Сарвари давлат дар маросими барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон таъкид карданд, «сокинони Тоҷикистон зери Парчами давлатӣ сарҷамъу муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии сарзамини Тоҷикистон саъю талош менамоянд»», — иброз дошт муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»










«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад






