Муҳаммадрафии Кароматулло: «Аз кафкӯбиву истиқболи гарми мухлисон илҳом мегираму меҳрам нисбат ба санъат афзун мешавад»
ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Фарзанди сароянда ва бастакори номии тоҷик шодравон Кароматуллои Қурбон ҳамасола ба хотири гиромӣ доштани рӯҳи падари бузургвораш барномаи консертӣ доир намуда, хотири ҳаводорони ӯро шод мегардонад. Имсол низ Муҳаммадрафӣ ин анъанаро давом дод. Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барномаи рангини консертии ӯ баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ низ дар баробари дигар мухлисони Муҳаммадрафии Кароматулло дар барномаи консертии ӯ иштирок мекунад. Ӯ пеш аз оғози консерт бо ин сарояндаи маҳбуб суҳбат анҷом дод.
-Барномаи консертии имрӯза аз барномаҳои қаблӣ тафовут дорад,- гуфт Муҳаммадрафӣ ва илова намуд: «Ин навбат сурудҳои тозаэҷод манзури мухлисон мегарданд. Бо дигар сарояндаҳо дуэт сароидаам. Умуман дар ин консерт навигариҳои зиёд дида мешаванд».
Овозхон дар мавриди он ки Нозияи Кароматулло дар ин барномаи консертӣ иштирок мекунад ё не, посухи қатъӣ надода, иброз дошт, ки бигзор ин барои мухлисон махфӣ бимонад.
Ба зикри сарояндаи маъруф, ӯ ва дигар ташаббускорони консерт барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин барномаи ҳунарӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд. «Ин навбат барномаи консертиро «Қиссаи дарё» номгузорӣ намудам, зеро як таронаам бо ин ном ба мухлисон хеле писанд омад»,- гуфт ӯ.
Чун аз Муҳаммадрафӣ дар бораи хотираҳояш аз падар пурсон шудем, гуфт, ки ҳамагӣ шаш сол дошт, ки ӯ ин дунёро тарк намуд. Вале бо вуҷуди хурд будан лаҳзаҳои ширинеро низ дар ёд дорад. «Падарам дӯст медошт, ки бо ягон асбоби мусиқӣ оҳангеро ҷӯр созам. Ман аз хурдӣ чун дигар кӯдакон мехостам мисли падар бошам. Падарам меҳри беандозаи маро нисбат ба санъат дида, ба ман асбобчаҳои хурди мусиқинавозӣ туҳфа мекард ва бо завқ менигарист, ки ман чӣ тавр бо онҳо оҳанг менавозам. Шояд пай мебурд, ки рӯзе давомдиҳандаи касбаш мешавам»,- мегӯяд ин овозхони ҷавон.
Ӯ дар ҷодаи санъат устоди аввалини худ падарро медонад. «Маҳз бо сурудҳои он кас ба воя расидам, ба саҳна баромада, шуҳратёр гардидам. Ва маҳз падарам сабаб гардид, ки меҳри саҳна дар дилам аз хурдӣ ҷо шавад»,- баён дошт Муҳаммадрафии Кароматулло.
Ба зикри ин сарояндаи номдор, нозукиҳои касбро аз устодони худ Саъдӣ Қаландаров дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва баъди хатми он дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз Акбар Мирраҷабов омӯхтааст. «Ман аз ин устодон нотаҳо ва ҷӯрсозии асбобҳои мусиқиро омӯхтам, онҳо маро бо роҳу равиши санъат шинос намуданд. Аз онҳо хеле минатдорам, ки барои санъаткор шудани ман заҳмати зиёд кашиданд»,- мегӯяд ин ҳунарманд.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта низ Нозия ва Муҳаммадрафии Кароматулло баҳри пос доштани хотира ва зодрӯзи падар дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ ва варзишгоҳи ин ноҳия консерт барпо намуда буданд.
«Ин макон зодгоҳи падарам аст. Дар оянда тасмим дорем дар он ҷо боз консертҳои дигар барпо намоем ва хотири мухлисони худу падарро шод гардонем»,- гуфт ӯ.
Ба қавли Муҳаммадрафии Кароматулло, дар баргузор намудани барномаҳои консертӣ бештар мухлисон ба ӯ кумак мекунанд.
«Аввал ин ки то шахс худаш заҳмат накашад, ба ҷое расида наметавонад. Баъдан дар ин кор ба ман тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои ҷумҳурӣ кумак мекунанд, ки миннатдории худро ба онҳо мерасонам. Инчунин ба санъаткор дастгирии мухлисонаш болу пар мебахшад ва ман аз онҳо хеле миннатпазирам, зеро онҳо маро хуш қабул мекунанд, аз кафкӯбиву истиқболи гармашон ман илҳом мегираму меҳрам нисбат ба санъат афзун мегардад»,- баён дошт Муҳаммадрафии Кароматулло.
Мо низ умед дорем, ки барномаи нави консертии ӯ, ки ин лаҳзаҳо оғоз меёбад, писанди мухлисон мегардад, зеро таронаҳои ин ҳофизи хушсадо ҳамеша ба дилҳо роҳ меёбанду қалбҳоро тасхир месозанд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






