МУБОРАК БОД! «Miss International Ufa» бонуе аз Тоҷикистон гардид
			
					
										ДУШАНБЕ, 28.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Дорандаи шоҳҷоиза ва тоҷи ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии зебоии қавмӣ ва маҳорат- «Miss International Ufa», ки даври хотимавии он 27 ноябр дар саҳнаи Конгресс-холл дар Уфа баргузор шуд, Раъно Умурзоқова аз Тоҷикистон гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон хабар медиҳад.
Дар даври ниҳоии озмун ҳамагӣ 12 духтар аз миллатҳои гуногун иштирок намуданд.
Зебосанамҳо бо либосҳои миллӣ ва куртаҳои замонавӣ ба саҳна баромада, худро дар озмуни зеҳнӣ нишон доданд.
Бонуи аввал духтари гурҷӣ Карина Ахвледиани гардид. Унвони бонуи дуюм ба зодаи ноҳияи Баймоқ, духтари бошқирд Наркис Аралбоева дода шуд. Дигар иштирокчиёни озмун низ аз ҷониби доварон дар номинатсияҳои гуногун бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Зикр гардид, ки ташкилкунандагони озмун беш аз 60 аризаро аз намояндагони 20 қавму миллате, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, қабул карданд.
Озмуни байниқавмии зебоӣ ва маҳорати «MISS INTERNATIONAL UFA» бори аввал баргузор гардида, намояндагони давлатҳо ва мардумони гуногуни Россияро ба ҳам овард. Миёни ғолибон- духтарон аз Тоҷикистон, Адигей, Миср, Гурҷистон, Қазоқистон, Нигерия, инчунин намояндагони удмуртҳо, чувашҳо, бошқирдҳо, тоторҳо, русҳо буданд. Духтарон-иштирокчиёни озмун дар бораи худ бо забони модариашон нақл карданд, сурудҳои халқӣ хонда, рақсҳои миллии худро намоиш доданд. Ба ҷуз ин ба саволҳо дар бораи таърих ва фарҳанги Бошқирдистон ҷавоб гуфтанд. Пеш аз оғози озмун онҳо ба муддати як ҳафта дар меҳмонхонаи «Uraltau» пурра ба даври ниҳоӣ омодагӣ дида, ҳамзамон бо хореографҳо, раққосон ва мусиқичиён машқ карданд.
Ҳар як иштирокчӣ миллати худро бо сари баланд нишон дод. Ташаббускорони озмун боварӣ доранд, ки он ҳамасола гузаронида мешавад.
Озмун аз ҷониби Хонаи дӯстии халқҳо ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон, инчунин бо сармоягузории гранти Хазинаи Агентии федералии кор бо ҷавонон, ки муаллифи лоиҳа Земфира Рашидова тобистони имсол дар форуми «Таврид» ғолиби он гардида буд, баргузор шуд. Ба гуфтаи ӯ, озмуни мазкур яке аз рӯйдодҳои асосӣ дар ҳаёти ӯ гардид.








						
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
									
									
									
									
									





