«Нақши оила дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ». Таҳти чунин унвон дар Ваҳдат озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид

Ноябрь 14, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши оила дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Беҳтарин ҳусни хат»-таҳти чунин унвонҳо дар шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Масъулон ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани озмунро, пеш аз ҳама, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти ҳунармандони моҳиру чирадаст, мусоидат ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ дар оилаҳо ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа арзёбӣ карданд.

Қабл аз оғози озмун маҳсули дасти ҳунармандони шаҳр ба намоиш гузошта шуд. Диққати меҳмонро нону кулчаҳо, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои  бофандагӣ, чакандӯзӣ, мусаввараҳо ва сабадҳои гули омоданамудаи ҳунармандон ба худ ҷалб кард.

Сипас дар толори фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Дар  он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон сухан карданд.

Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ Саодатбибӣ Сироҷзода вобаста ба масъалаҳои фарҳанги оиладорӣ, солимӣ ва мустаҳкамии оила  сухан гуфт. Зикр шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани кафолатҳои конститутсионии ба модару кӯдак додаи давлат сол то сол ғамхорӣ нисбат ба онҳо  зиёд шуда, мавқеашон дар ҷамъият боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Асоси пойдории оила аз хиради модар, асоси пойдории давлат аз устувории оилаҳо вобаста аст.

Сипас аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Ваҳдат дар мавзӯъҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Ватан, Модар ва Пешвои миллат сурудҳо пешниҳод гардиданд. Инчунин ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр саҳнаи ҷолиби тарбиявиеро  бахшида ба  оила ва оиладорӣ ба намоиш гузоштанд.

Дар охир аз тарафи  Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20 нафар волидон ва навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатии «Нақши оила дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сол инҷониб дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошта, охири соли равон ҷамъбаст ва ғолибон муайян мегарданд.

 

Ноябрь 14, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд