«ПАЙҒОМУ САЛОМ — АЗ БОМИ ҶАҲОН!». Таҳти чунин унвон дар Бадахшон фестивали минтақавии сайёҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 29 ноябр то 2 декабри соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фестивали минтақавии сайёҳӣ таҳти унвони «Пайғому салом — аз Боми ҷаҳон!» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивали минтақавии сайёҳӣ намояндагон аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, давоми 4 рӯз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои сайёҳии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан менамоянд.
Ҳамзамон, дар фестивали мазкур намоиши захираҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, конфронси миллии сайёҳӣ вобаста ба имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, хўрокҳои миллӣ ва анъанаҳои қадимаи мардуми ВМКБ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чунин фестивалҳо давоми соли равон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла таҳти унвонҳои «Марҳамат ба Хатлон», «Марҳабо ба Суғди бостон» ва «Хайрамақдам ба водии Рашт» баргузор гардиданд.
Чорабиниҳои мазкур бо мақсади мусоидат намудан ба рушди устувори сайёҳӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина шиносоии намоядагони касбу кори гуногун ба воситаи сайёҳӣ аз дастовардҳои замони истиқлолият дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, фаъол гардонидани хатсайрҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳа ва рушди сайёҳии дохилӣ роҳандозӣ гардидаанд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






