Парлумони Тоҷикистон ҷалби ҷавононро ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ маҳкум менамояд

Ноябрь 9, 2018 10:39

ДУШАНБЕ,09.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ  бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як зумра сохторҳои қудратии мамлакат «Соати парлумонӣ» баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, мавзӯи  нишаст «Пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буд.

Ба иттилои манбаъ, Абдуҷаббор Азизӣ зимни ҷамъомад гуфт, ки «масъалаи баррасишаванда яке аз мавзӯъҳои мубрами ҷомеа буда, ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Танҳо муборизаи дастаҷамъона метавонад барои решакан ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб замина гузорад».

Зикр шуд, ки  мақсади баргузор намудани «Соати парлумонӣ» пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои байналмилалӣ сухан гуфта, зикр намудаанд, ки «террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад».

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров,  сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Абдулҳасаниён, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебунисо Ҷумахонзода,  сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баракатулло Камолзода сухан гуфтанд.

Дар анҷом байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули соҳаҳои қудратии кишвар саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардиданд.

 

Ноябрь 9, 2018 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид