Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Франсия ва Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии Франсия ва Осиёи Марказӣ дар Ассамблеяи миллии ин мамлакат Патрис Вершер баргузор гардид.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Шукурҷон Зуҳуров ва Патрис Вершер доир ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, хусусан тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Франсия мубодилаи афкор намуданд.
«Зимни суҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Франсия ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва Франсия барои ғанигардонии ҳамкорӣ бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид»,-илова намуд манбаъ.
Дар мулоқот ҳамчунин дар атрофи амнияти минтақа, хосатан Афғонистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






