«Шеър дар ҳалқам бимирам, шоири халқам бимирам…». Ба ифтихори 80-солагии зодрӯзи шоири мардумӣ Бозор Собир маҳфили адабӣ баргузор мегардад

Ноябрь 22, 2018 11:04

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 ноябри соли 2018, соати 14:00 дар толори бузурги Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии шоири маъруфи  тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир маҳфили шеъру суруд баргузор мегардад.

Тавре мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадалии Аҷамӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар маҳфил нависандагону шоирон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори шоир иштирок хоҳанд кард. Дар ҳамоиши адабӣ Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Саидқул Билол ва дигар ҳунармандони маъруф сурудҳои хешро бар ашъори устод Бозор манзури алоқамандони шеъри баланди ин шоири зиндаёд менамоянд.

Ҳамчунин дар маҳфил аз ҷониби аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов  намоиши «Шабе дур аз Ватан» пешниҳод мегардад. Намоиш аз зиндагии шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир нақл карда, онро коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст. Дар намоиш ҳунарпешагони театр Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшофарӣ менамоянд.

Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба гиромидошти хотири устод Бозор Собир ду китоби ӯ ба нашр расидаанд, ки зимни маҳфили шеъру суруд ба иштирокдорон тақдим мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки шоир Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.  Устод Бозор аз падар бармаҳал ятим мондааст. Шоири шаҳир  Бозор Собир гуфтааст:

Дар сари кӯчаҳои Файзобод,

Чашм ба роҳи кӯҳна шому саҳар.

Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст,

Дар кафи ӯ хати сиёҳи падар…

Маълумоти миёнаро Бозор Собир дар мактаб-интернати шаҳраки Ҳисор ба даст оварда, соли 1962 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар идораҳои рӯзномаи «Маориф ва маданият», маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ғайра фаъолият доштааст. Соле дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сифати тарҷумон ва аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати мушовири бахши назм кор кардааст.

Маҷмуаҳои ашъори Бозор Собир «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳаводорони зиёд доранд. Шоир  соли 1988 барои китоби «Бо чамидан, бо чашидан…» Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифтааст.

4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоири маҳбуби халқи тоҷик Бозор Собир Ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3»-ро тақдим намуданд. Шоири тавонои тоҷик Бозор Собир дар шеърҳояш пайваста ватандӯстӣ, гиромӣ доштани забони модарӣ, таъриху тамаддуни миллати тоҷикро тарғиб намуда, худро шоири мардумӣ меҳисобид. Дар як шеъраш шоир гуфтааст:

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.

Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,

Шеър дар ҳалқам бимирам,

Шоири халқам бимирам.

Ноябрь 22, 2018 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид