Тӯли 9 моҳ беш аз 1,2 млн. шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Тоҷикистон дидан кардаанд

Ноябрь 20, 2018 08:13

ДУШАНБЕ, 20.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 1 млн. 165 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид намудаанд. Дар ҳамин давра 1 млн. 253 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадаанд, хабар дод  «Азия-Плюс» бо истинод    ба манбаъ дар  Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон шумори шаҳрвандони хориҷие, ки аз ин кишвар боздид кардаанд, 4666,5 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар зиёдтар аст.

Аз шумори умумии сайёҳони ба Ӯзбекистон сафаркарда 40,2% — ба Қазоқистон, 24,8% — ба Тоҷикистон, 16,7% — ба Қирғизистон, 7,4% — ба Русия ва аз кишварҳои хориҷи дур 1,1% — ба Туркия, 0,6% — ба Чин, 0,5% — ба Кореяи Ҷанубӣ, 0,3%-ӣ ба Ҳиндустон, Олмон ва Япония рост меояд.

Тӯли 9 моҳ шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки қаламрави кишварро тарк кардаанд, 10812,0 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба зиёдтар мебошад.

Дар ин давра ӯзбекистониҳо ба Қазоқистон – 53,4%, Қирғизистон – 22,2%, Тоҷикистон – 11,6%, Русия – 8,2% ва аз кишварҳои хориҷи дур ба Туркия – 1,3%, Кореяи Ҷанубӣ – 0,6%, Амороти Муттаҳидаи Араб – 0,3%,Чин, Арабистони Саудӣ ва Ҳиндустон – 0,2%-ӣ сафар кардаанд.

Ноябрь 20, 2018 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд