Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2018 13:27

ДУШАНБЕ, 24.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии наздиҲукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризми Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.

Дар  ҳамоиши  мазкур намояндаи Кумита, роҳбарияти ноҳия ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи рушди туризми  Тоҷикистон, соҳибкорону сокинони фаъоли ноҳия ширкат доштанд.

Дар кори ҳамоиш масъалаҳои рушди экотуризм тавассути механизмҳои иқтисодӣ, ташкили бештари хатсайри сайёҳии экологӣ ва тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин, дар кори ҳамоиш ба масъалаҳои таъсиси гўшаҳои иттилоотии сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии минтақа, баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтор аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо дар ноҳия, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, аз ҷониби менеҷерҳои дорои малакаҳои баланди идоракунӣ дар меҳмонхонаҳо, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо, пешхизматҳо ва мутахассисон оид ба хизматрасонӣ, ба талабот ҷавобгў намудани ҳолати санитарию гигиении имкониятҳои хизматрасонӣ ва маконҳои тамошои сайёҳӣ дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дахл карда шуд.

Қобили тазаккур аст, ки мавқеи ҷуѓрофии мусоиди ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, обу ҳавои тоза, чашмаҳои гуногуни шифобахш, мероси бойи таърихию фарҳангӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз афзалиятҳое ба шумор мераванд, имконияти тараққӣ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконпазир мебошад.

Яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ- ин ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст, ки барои рушди сайёҳии экологӣ, кўҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дошта, ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, куҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.

Бояд гуфт, ки сайёҳии шикор дар Тоҷикистон аллакай як навъи маъмули саёҳат ба ҳисоб рафта, барои шикори ҳайвоноти нодир тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат квотаҳо ҷудо карда мешавад.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ баҳри рушди сайёҳии ноҳия аз ҷумла, рушди инфрасохтори минтақа бо ҷалби соҳибкорон ва тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди соҳа диққати доимӣ медиҳад.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва имтиёзҳои роҳандозишуда барои соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ ширкати сайёҳии ҶДММ “Морхур” дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён” –ро бунёд намуд. Меҳмонхонаи мазкур аз ду ошёна ва 15 кат иборат мебошад.

Дар мавсими сайёҳӣ меҳмонону сайёҳон ва шавқмандони сайёҳии шикор аз ин макон дидан намуда, аз хизматрасонии он васеъ истифода намуда истодаанд.

Имрӯз мо метавонем бо ташкили хатсайрҳои экосайёҳӣ ва ҷалби мутахассисон, сайёҳон, олимону пажўҳишгарон барои омўзиши минтақаҳои табиии Тоҷикистон ва ташаккулу тараққии сайёҳии экологӣ дар кишвар барои рушду пешрафти минтақаҳои куҳӣ, деҳоту водиҳо ва мамнўъгоҳҳои Тоҷикистон, ки аҳамияти бузург дорад, таъсир расонида бошем.

Ноябрь 24, 2018 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид