Ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар чорабинии хайриявии «Бозори СММ»-2018 дар Женева муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Женева 20 ноябр ҷамъомади ҳарсолаи хайриявӣ-«Бозори СММ» барпо гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҷаҳон дар назди СММ дар ин ҷамъомад фаъолона иштирок намуд.
Ба меҳмонони ҳамоиш намунаҳои ҳунарҳои миллии Тоҷикистон, ҳӯроки миллӣ, инчунин маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳод гардид.
Бояд зикр намуд, ки лавҳаи Тоҷикистон дар ҷамъомади мазкур таҳти унвони «Соли 2018- Cоли рушди cайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, ба иштироккунандагон оид ба ин ташаббуси Президенти мамлакат маълумот манзур гардид.








Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд






