Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини раиси Маҷлиси Халқии намояндагони музофоти Шэнсии Чин Лян Хун Сян мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари ҳайати намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини раиси Маҷлиси Халқии намояндагони музофоти Шэнси Лян Хун Сян мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки мояи ифтихор аст, ки Парлумони Тоҷикистон бо бештари парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ ва муносиботи хуб дорад. Бо мақсади рушди ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Чин таъсис дода шудааст. Чин ягона кишвари абарқудрат аст, ки аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва барои барқарории алоқаҳои дипломатии дуҷониба бо ҷумҳурии мо изҳори омодагӣ кард.
«Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва соҳиби таҷрибаи ғании навсозии кишвар, қабл аз ҳама, вобаста ба гузариш ба муносиботи бозорӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандеро ишғол менамояд. Анҷоми боздидҳои бесобиқаи расмӣ ва дӯстонаи сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардум ва миллати ин кишварҳо тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкории дӯстона ва дорои сатҳи баланд мебошад»,- гуфт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон.
Абдуҷаббор Азизӣ ҳамчунин алоқамандии Маҷлиси намояндагонро ҷиҳати тақвияти равобит бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз дошта, ҳамзамон таъкид намуд, ки парламенти Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва ниёз ба омӯзиши таҷрибаи парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Чин дорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки вохӯрии имрӯза барои таҳкими муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамаи соҳаҳо заминаи тозае фароҳам хоҳад овард.
Роҳбари ҳайати намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини раиси Маҷлиси Халқии намояндагони музофоти Шэнси Лян Хун Сян низ аз ҳамкории ду кишвар дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар заминаи иқтисодиву фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






