АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: дар Тоҷикистон содироти пиёз нақши назаррас дошта, беш аз 81 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад

Декабрь 18, 2018 16:35

ДУШАНБЕ, 18.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабри соли 2017 зимни манзури Паёми хеш ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни суҳбат  бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров иброз дошт, ки  дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати истифодаи  самараноки обу замин, рушди соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода будани захираҳои табиӣ ба масъулини соҳа имконият дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намоянд.

«Бо ин мақсад имсол ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин  ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар 374 ҳазору 941 гектар кишти зироати ғалладонагӣ, дар 214 ҳазору 560 га зироати техникӣ, дар 50 ҳазору 302 га картошка, дар 68 ҳазору 298 га сабзавот ва дар 19 ҳазору 927 га кишти полезӣ гузаронида шуд.

Маҳз истифодаи  самараноки обу замин буд, ки дар  11 моҳи  соли равон Вазорати  кишоварзии ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар  ин давра ҳаҷми истеҳсоли умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ ба 24,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба 11 моҳи соли гузашта 14,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ низ ба маблағи 17,6 миллиард сомонӣ зиёд карда шуд.  Истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ба 6,5 миллиард сомонӣ баробар шуда,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  5,4 фоиз афзоиш ёфт. Бо  мақсади таъмини бозори истеъмолии кишвар беш аз 1 миллиону 26 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 954 ҳазор тонна картошка, беш  аз 2 миллиону 82 ҳазор тонна сабзавот, 619 ҳазор тонна полезӣ, 434 ҳазор тонна мевагӣ ва 236 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардида, ба бозори истеъмолии кишвар ва хориҷи ҷумҳурӣ бароварда шуданд»,- гуфт Баҳодур Назаров.

Ҳамчунин Пешвои миллат зимни Паёми хеш иброз доштанд, ки «солҳои охир истеҳсоли меваю сабзавот афзоиш ёфта, вале содироти он дар 11 моҳи соли равон 23 фоиз кам шудааст».

Вобаста ба ин сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии мамлакат зикр намуд, ки  тибқи  маълумоте, ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон дастрас шудааст, дар 11 моҳи соли равон зиёда аз 115 ҳазор навъи растанӣ ба хориҷи мамлакат содирот шудаанд, ки  нисбат ба соли гузашта 18 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ содироти меваю сабзавот 133 ҳазору 634 тоннаро ташкил медиҳад.  Дар қатори маҳсулоти содиротӣ ба хориҷи мамлакат ба фурӯш баровардани пиёз нақши намоён дошта, беш аз 81 ҳазору 460  тоннаро  ташкил медиҳад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2018 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус