АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. . Маҷрои созандагиву бунёдкорӣ дар ҷумҳурӣ мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат босамар ҷараён дорад

Декабрь 19, 2018 08:32

ДУШАНБЕ, 19.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар суханронии ҷамъбастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд 4 июли соли 2018 омадааст: «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳуҷҷати мукаммали дарбаргирандаи маҷмӯи ислоҳот барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи имкониятҳои мавҷудаи мамлакат буда, самтҳои рушди минбаъдаи кишварро дар шароити таъсири бевоситаи омилҳои дохиливу берунӣ инъикос менамояд».

Роҷеъ ба ҳадафҳои ин санади муҳим мудири кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нозимҷон НИДОЕВ андешаҳояшро чунин иброз намуд:

 Дар ҳақиқат, ҳадафҳои стратегии интихобшуда ба фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди инсон равона шуда, мақсаду вазифаҳо дар он мушаххасу воқеъбинона ифода ва афзалиятҳои асосии рушди давлат (таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат) дар давраи дарозмуҳлат пешниҳод гардидаанд.

Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии худ дар самти ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон намуда, тайи се соли татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 тавассути амалӣ намудани Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва роҳандозӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дарҷ гардидаанд, нисбат ба сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ба як қатор дастоварҳои назаррас ноил шудааст.

Барои мисол, аввали соли 2018 сатҳи камбизоатӣ ба 29,7 фоиз расид, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 аллакай 1,3 банди фоизӣ поён рафтааст. Фақри шадид, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, 14 фоизро ташкил дода, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯи арзёбии пешакӣ ба 24 фоиз баробар шуд. Чунин натиҷа дар асоси таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоизи солона ва афзоиши хароҷот ба бахши иҷтимоӣ ба даст оварда шудаст.

Ҷиҳати наздик шудан ба ин ҳадафи олӣ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ муяссар гардид, ки сатҳи камбизоатӣ ва фақри шадид ба таври назаррас паст шуда, табақаи миёнаи аҳолӣ афзоиш пайдо намояд.

Нишондиҳандаҳои мазкур ба идома ёфтани тамоюли беҳтар гардидани ҳолати демографӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷа нишондиҳандаи миёнаи дарозумрии аҳолӣ ба 73,5 сол баробар шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва соҳаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро мавриди таҳлилу татқиқи ҳамаҷониба қарор дода, бо истифода аз таҷрибаи пурсамари корӣ тавонистанд дурнамои сифатҳои нави иҷтимоию иқтисодии кишварро барои соли 2018 ва солҳои минбаъда муайян намоянд.

Дар ҳақиқат, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми мантиқии паёмҳои қаблӣ буда, дастовардҳои мамлакатро дар солҳои сипаригашта ва солҳои минбаъда инъикос намуда, мазмунан сермуҳтаво, фарогири ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат буда, ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва афзоиши нуфузу эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ нақши хеле муҳим дорад. Зеро Паёми мазкур дар даврае ба Маҷлиси Олии кишвар манзур гардид, ки ҷаҳони муосир шоҳиди густариш ва тақвияти ифротгароию терроризм ҳамчун хатарҳои ҷаҳонии ин зуҳуроти нангину даҳшатнок маҳсуб ёфта, ба таври бояду шояд ба эътибор нагирифтани онҳо метавонад боиси нигаронии зиёд дар ҷомеа гардад.

Чунин зуҳуротро дар мисоли гурӯҳи иборат аз 5 нафар, ки баъди сабти навори «байъат»-и худ ба созмони тундрави «Давлати исломӣ» силоҳҳояшро омода намуда, 28 июли соли 2018 дар деҳаи Сафобахши Данғара дар роҳ ба сӯи Душанбе ба ҷаҳонгардони ғарбӣ аз Амрико, Франсия, Ҳолландия ва Швейтсария ҳамла намуданд, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар натиҷаи ин ҳамла чаҳор сайёҳ кушта ва ду нафар захмӣ шуданд. Таассуфовараш ин аст, ки аз рӯи маълумоти тафтишотӣ баъзеи ин ҳамлагарон бо гурӯҳҳои тундрави «Давлати исломӣ» робита ва дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доштанд. Яъне дар сурати масъулияти бештар ҳис кардани кормандони мақомоти марбута аз рӯи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодисаи нангинро пурра пешгирӣ намудан мумкин буд.

Вобаста ба ин, яке аз хусусиятҳои хос ва бартарии асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ҳамчун ҳуҷчати тақдирсоз дар он зоҳир меёбад, ки илман асоснок ва реалӣ буда, натиҷа ва нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар асоси таҳлили маълумоти фаврии воқеии бадастовардашуда мутобиқ ба далелҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-октябри соли 2018 аллакай гувоҳи онанд.

Барои мисол, дар даҳ моҳи соли 2018 новобаста аз таъсири омилҳои беруна ва мавҷудияти буҳрони молиявию иқтисодӣ корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ якҷоя бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 19161,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 бо нархҳои муқоисавӣ 13,6 фоиз зиёд мебошад. Дараҷаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тариқи зайл сурат гирифтааст:

  • дар ВМКБ – 100,0%;
  • дар вилояти Суғд – 102,8%;
  • дар вилояти Хатлон — 109,5%;
  • дар шаҳри Душанбе — 112,9%;
  • дар НТҶ -124,4%;

Далелҳо нишон медиҳанд, ки суръати аз ҳама баланди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (124,4%) ва дар шаҳри Душанбе (112,9%) мушоҳида мешавад.

Боиси хушнудист, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла некуаҳволии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лоиҳаҳои гуногуни муштарак бо муваффақият тадбиқ шуда истодаанд. Барои мисол, имрӯзҳо мушкилоти бебарқӣ дар шаҳри Хоруғ комилан аз миён бардошта шуда, баъди ду сол сокинони шаҳр чӣ будани беобиро низ фаромӯш хоҳанд кард. Бо ин мақсад, бо маблағгузори Ҳукумати Швейтсария дар маҳаллаи «Дашти Боло»-и шаҳри Хоруғ кашидани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғевдара то маҳаллаи Хичордев ба масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150-миллиметра оғоз гардид. Ҳадафи асосии ин лоиҳа, пеш аз ҳама, дастрасӣ ба беҳлошт ва аз байн бурдани мушкилоти беобӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад. Яъне, лоиҳаи мазкур беш аз 5,5 ҳазор аҳолии шаҳр ва 100 идораву муассисаҳои шаҳрро дар бар гирифта, бо татбиқи пурраи он аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ пурра таъмин мегардад.

Дар робита ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паём додаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории хурду миёна, таъмин намудани талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва пурра аз уҳдаи иҷрои нақшаҳои андозу пардохтҳои гумрукӣ баромадан қобили зикр аст. Масалан, то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи нақшаи тасдиқгардида, зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Чунин тарзи кор сабаби тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ ва таъмини рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ гардида истодааст.

Доир ба тақвияти иқтидори содиротии мамлакат зикр кардан ба маврид аст, ки дар даҳ моҳи соли 2018 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон 3491,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 8,2 фоиз ё 263,4 млн. доллар зиёд мебошад.

Имсол Ҷумҳурии Точикистон бо 102 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва  92 мамлакати хориҷии дур муносибати савдои хориҷиро тақвият бахшид.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 55,7 фоиз ё 1944,8 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷаи дур 44,3 фоиз ё 1546,6 млн. доллар рост меояд. Касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ -1040,8 млн. доллар, бо мамлакатхои хориҷаи дур — 643,7 млн. долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар 10 моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 бо мамлакатхои ИДМ 15,8 фоиз ё 265,6 — млн. доллар зиёд шуда, бо мамлакатхои хориҷаи дур дар сатҳи ҳамин давраи соли гузашта карор дорад.

Мутаассифона, дар даҳ моҳи соли 2018 содироти мол 903,5 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли соли 2017-ум 9,8 фоиз ё 98,4 млн. доллар камтар аст.

Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 2587,9 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба даҳ моҳи соли 2017-ум 16,8 фоиз ё 361,8 млн доллар зиёд шудааст.

Бо мақсади кам намудани вобастагии иктисодиёти кишвар аз таъсири омилҳои беруна, таквият бахшидан ба рушди содиротии давлат, тезонидани ҷараёни гуногунсамтии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, таъмини бозори истеъмолӣ бо захираҳои молӣ, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи молу махсулот аз тарафи вазорату идораҳои мутасаддӣ ичрои тадбирҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳамзамон дар самти кам намудани монеаҳои маъмурию техникӣ дар содироту воридот ва транзити молу маҳсулот, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол, бартараф намудани ҳолатҳои ғайрирасмии воридоту содироти мол, фароҳам овардани захираҳои зарурии молу маҳсулот ҷиҳати таъмини бозори истеъмолӣ, назорати сифат ва бехатарӣ, инчунин бартараф намудани дигар мушкилоти чойдошта дар фаъолияти савдо ва хизматрасониҳо вобаста ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаҳои Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хоричӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ бояд гуфт, ки дар даҳ моҳи соли 2018 дар корхонаю ташкилотҳо 45540 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисшуда 27807 ҷой ё 61,1 фоиз ҷойи кори доимӣ, 8477 ҷой муваққатӣ (18,6 фоиз) ва 9256 ҷой мавсимӣ (20,3 фоиз) мебошанд.

Ғайр аз ин, дар ҳамин давра 604 ҷойи кори иловагӣ таъсис ва 3632 чойи корӣ барқарор шудаанд.

Дар маҷмӯъ дар моҳҳои январ — сентябри соли 2018 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ 49776 ҷойҳои кори нав, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудаанд. Бештари ҷойҳои корӣ асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ — 8487 ҷой, маориф — 5327 ҷой, дар саноати коркард — 6695 ҷой, дар саноати истихрочи маъданҳои куҳӣ ва коркарди конҳо — 3229 ҷой, дар сохтмон — 8790 ҷой, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 3202 ҷой, дигар хизматҳои коммуналӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ — 3021 ҷой, дигар намудҳои фаъолияти иқтисодӣ — 11025 ҷой таъсис дода шудаанд.

Дар даҳ моҳи соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 21294,3 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум бо нархҳои муқоисавӣ 4,1 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 15899,6 млн, сомонӣ ё ки 4,0 фоиз ва соҳаи чорвопарварӣ 5394,7 млн. сомонӣ ё 4,6 фоиз зиёд аст. Дар соҳаи растанипарварӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум картошка 25,6 фоиз, сабзавот 16,9 фоиз (аз ҷумла пиёз 24,1 фоиз), меваҷот 13,9 фоиз (аз ҷумла себ 31,0 фоиз, зардолу 13,8 фоиз), ангур 9,4 фоиз ва хӯроки чорво 5,7 фоиз зиёд шудаанд. Дар соҳаи чорводорӣ то 1 ноябри соли 2018 дар ҳамаи категорияҳои хочагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2313,6 хазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 ҳазор cap ё 1,6 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 5680,2 ҳазор сарро ташкил дода, 101,1 ҳазор cap ё 1,8 фоиз афзудааст.

Дар ҳамин давра, ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 4,9 фоиз, ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 2,3 фоиз, истеҳсоли тухм 38,2 фоиз зиёд гашта, микдори 325,4 млн. донаро ташкил намудааст.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон шоҳиди рӯйдодҳои хотирмон ва марҳила ба марҳила рушду нумӯъ кардани ҷумҳурӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гашта, изҳори қаноатмандӣ мекунанд, ки давлати мо имрӯз дар маҷмӯъ сатҳи сифатан нав касб карда, ба ҳайси унсури калидии ҳампайвандӣ дар татбиқи амалишавии ҳамаи самтҳои сиёсати хориҷии кишвар бо гузоштани саҳми арзандаи худ барои густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи судманди байнидавлатии кишварҳои ба мо дӯст аҳамияти хосаро доро гашта, заминаи мусоид гузоштааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» се ҳадафи такмилдодашуда ва сифатан навшудаи рушди самтҳои асосии иқтисодиёт ва дастгирии соҳаҳои иҷтимоиро ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок таъкид намуда, роҳҳои пурсамари ҳалли онҳоро бо дидгоҳи нав ишора намудаанд.

Бо ин мақсад дар марҳилаи нави рушд дар ҷумҳурӣ се вазифаи асосӣ муайян карда шудааст:

— якум, ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои сегменти миёна бо даромади миёнаи муқоисашаванда;

— дуюм, таъмин намудани рушди устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;

— сеюм, вусъатдиҳӣ ва таҳким бахшидани табақаи миёна меистад.

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои гузошташуда шартҳои асосии рушди минбаъда инҳо мебошанд:

— мавҷудияти ҳукумати касбӣ, ки қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти хоҷагӣ, таъмин намудани рушди устувори дарозмуҳлат ва фарогирро дорост;

— ташаккули минбаъдаи иқтисодиёти омехта, ки рушди он ба соҳибкории хусусӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ мусоидат мекунад;

— ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди рушд.

Дар ин замина, имрӯзҳо дар Тоҷикистон Стратегияи рушди кишвар барои 15 соли оянда таҳияшуда дар ҷараён буда, баъди пурра амалӣ гаштани он Тоҷикистон аз кишвари «рӯ ба рушд» ба давлати  «дар ҳоли рушд» табдил ёфта, шумораи табақаи миёнаҳол на камтар аз 50 фоизро ташкил хоҳад кард. Ҳамчунин тавассути гуногунсозии иқтисодиёти кишвар рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ баланд гашта, рушди устувори иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ ба даст оварда мешавад.

Бо назардошти дараҷаи иҷрои се вазифаи асосӣ се сенарияи алоҳида баррасӣ мегардад:

— инертсионӣ;

— индустриалӣ;

— индустриалию инноватсионӣ.

Дар раванди пешбинӣ гардидани сенарияҳои мазкур чунин фарзияҳо ба инобат гирифта шудаанд:

— ҳадафҳои мақсаднок ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ;

— тамоюлҳои демографӣ;

— истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда;

— имкониятҳои инвеститсионӣ;

— самараи ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ.

Дар байни инҳо сенарияи индустриалию инноватсионӣ ба назари мо ҷолиб ва асосноктар аст. Рушди иқтисодӣ мутобиқи ин сенария, асосан аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ таъмин ва бо истифодаи самараноки сарчашмаҳои берунаи маблағгузории иқтисоди миллӣ пурра мегардад. Ҳиссаи андозҳои холиси ғайримустақим дар сохтори ММД устувор мегардад ва тавозуни буҷетро таъмин мекунад. Хароҷоти буҷет дар соҳаи маориф ва илм сатҳи 7 фоизи ММД ва соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 10 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.

Дар чунин сатҳ вазни қиёсии бахши аграрӣ дар сохтори ММД қариб 1,25 маротиба коҳиш меёбад (солҳои 2016-2020 коҳишёбӣ аз 23,3 то 19,5-20,5 фоиз, солҳои 2021-2025 то 18-18,5 фоиз ва солҳои 2026-2030 то 17-18 фоиз) ва ҳамзамон вазни қиёсии соҳаи саноат дар сохтори ММД, то охири давраи пешбинишаванда қариб 1,8 маротиба (солҳои 2016-2020 афзоиш аз 12,3 то 13-13,5 фоиз, солҳои 2021-2025 то 16-16,5 фоиз ва солҳои 2026-2030 то 20-21 фоиз) афзоиш меёбад.

Тибқи сенарияи мазкур ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ нисбат ба соли 2015  5,1 маротиба, аз ҷумла саноати истихроҷи маъдан 6,4 маротиба, саноати коркард 5,5 маротиба ва истеҳсолу тақсими неруи барқ, газ ва об 2,2 маротиба афзоиш меёбад.

Ҳамин тариқ, мардуми шарафманди Тоҷикистон бо такя ба дигаргуниҳои мусбати соли 2018 дар ҷомеа баамаломада бовар доранд, ки солҳои минбаъда низ бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳо ва сифатҳои нави иқтисодию иҷтимоии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар асоси нақшаю чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва амалӣ намудани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, хариду фурӯши инсон пешгирӣ карда шуда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, зиракию ҳушёрӣ созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим бештар рӯи кор хоҳад омад.

Декабрь 19, 2018 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад
ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»