АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг зина ба зина бартараф мегардад

Декабрь 20, 2018 12:01

ДУШАНБЕ, 20.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд.

Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 зимни манзури Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз набудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанги мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар мамлакат баҳри тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг чанд  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн фаъолият доранд. Ҳамчунин Оркестри мукаммали симфонӣ иборат аз 120 нафар ташкил карда шуд.

Инчунин дар хориҷи кишвар садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг тарбия ёфта, иддае аз онҳо аллакай дар театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори ташвиш намуданд, ки бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ Президенти мамлакат  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намояд.

Дар робита ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ, фароғатӣ  ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода суҳбат  орост.

Мавсуф иброз дошт, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш нисбат ба соҳаи фарҳанг, инчунин камбудиҳое, ки дар ин соҳа мавҷуданд, сухан гуфтанд ва ҷиҳати ислоҳи ин норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар робита ба ин супоришҳо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуд ва тибқи ин нақша вазорат бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонад.

«Тибқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» то соли 2022 дар 5 давлати хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Италия,  Беларус  ва Ўзбекистон омода намудани 180 нафар донишомўз аз рўи ихтисосҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тайёр кардани кадрҳои болаёқати соҳаи сирк дар Омўзишгоҳи давлатии санъати сирк ва эстрадаи шаҳри Москва ба номи Румянтсев (Карандаш) ва Омўзишгоҳи ҳунарии сирки шаҳри Пекин ба нақша гирифта шудааст»,-гуфт Қурбон Ғуломзода.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, омодасозии мутахассисон барои соҳаи театр, опера ва балет дар Академияи санъати театрии Россия (ГИТИС), Академияи балети русии шаҳри Санкт-Петербург ба номи А.Я.Ваганов ва Академияи «Белканто интернешнл»-и шаҳри Милани Италия, оркестри симфонӣ- дар Консерваторияи давлатии Москва ва Консерваторияи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ба номи Н. Римский –Корсаков, кормандони осорхонаҳо- дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати ш. Санкт-Петербург, Академияи бадеии Россия ба номи Грабар (ш. Москва)  ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Қурбон Ғуломзода, таъмини иҷрои самараноки барнома бо амалӣ намудани маблағгузорӣ аз соли 2019 дар назар дошта шуда, норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг дар ҷумҳурӣ зина ба зина бартараф мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 20, 2018 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус