АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Рушди минбаъдаи илми ватанӣ-дар меҳвари таваҷҷуҳ: дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд

Декабрь 15, 2018 12:27

ДУШАНБЕ, 15.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми соли гузаштаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи  рушди минбаъдаи илми ватанӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва нақши калидӣ доштани он дар рушди устувори ҷомеа таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро бояд ҷиддӣ ба роҳ монад».

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём бо дарназардошти  аҳамияти миллӣ ва минтақавии омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд.

Давоми шаш моҳи фаъолияти худ Марказ ба 5 пиряхи Тоҷикистон (пиряхи Хирсон ва пиряхи «Ҷамъияти географони Россия», воқеъ дар болооби дарёи Ванҷ,  пиряхи Зулмарт, воқеъ дар Помири Шарқӣ, пиряхи Якарча, воқеъ дар болооби дарёи Варзоб, пиряхи ГГП, воқеъ дар болооби дарёи Искандаркӯл)  экспедитсия ташкил намуда, ҳолати онҳоро мавриди омӯзиш қарор дод. Аз ҷумла, дар қисми забонаи ҳама пиряхҳои омӯхташаванда нуқтаҳои реперии маҳворагӣ муайян карда шуданд, ки ин барои ба роҳ мондани  мониторинги доимии ин пиряҳо имкон медиҳад.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки Сарвари давлат нисбат ба он дар назди олимони кишвар вазифагузорӣ намуданд, ин тақвияти корҳои таҳқиқотӣ оид  ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик буд. Дар Паём Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид намуданд: «Муассисаҳои илмии Академияро зарур аст, ки таҳқиқотро доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома бахшанд».

Соли 2018 олимони Академияи илмҳо дар соҳаи илмҳои биологӣ таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии  Тоҷикистон, ҳамчунин мониторинги онҳоро  дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ идома доданд. Аз ҷумла, бо мақсади омӯзиши гуногунии биологии мавзеи «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон бо қарори Раёсати Академияи илмҳо моҳи июли соли 2018  экпедитсияи комплексӣ  бо иштироки олимони соҳаи ботаника, зоология, геология, экология, гидрология ташкил карда шуд, ки  зимни он флораю фауна, сохти геологӣ, захираҳои табии ин мавзеъ омӯхта шуданд. Айни замон маводи гирдовардашуда дар шакли монография таҳия гардида истодааст. Нақшагирӣ шудааст, ки минбаъд ин гуна экспедитсияҳо ба ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ ташкил карда мешаванд.

Бо мақсади омӯзиши хусусиятҳои мутобиқшавии навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ дар шароити баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб, моҳҳои май-июни соли равон дар мавзеи Булункӯли ин ноҳия кишти зироати хӯроки чорво, аз қабили ҷав, ҷавдор, юнучқа, эсперсет гузаронида шуд. Таҷрибаҳо собит карданд, ки дар шароити ин мавзеъ ҳосили хуби зироати ҷавдорро ба даст овардан мумкин аст.

Дар асоси маълумоти чандсолаи таҳқиқот оид ба гиёҳхои шифобахши Тоҷикистон китоби «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» таҳия ва ба чоп расонида шуд, ки он ҳамчун роҳнамо ба доираи васеи хонандагон хизмат карда метавонад.

Вобаста ба вусъати бештар додани таҳқиқот доир ба сарватҳои табиию зеризаминӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ моҳҳои апрел-июни соли 2018  сохтори геологии мавзеъҳои гранитоидии маъдандори қаторкӯҳҳои Туркистону Зарафшон,  аз ҷумла ноҳияҳои  Мастчоҳи Кӯҳӣ ва  Деваштичи вилояти Суғдро  омӯхтанд. Маъданҳои аметисту барити конҳои ин минтақаҳо дар лабораторияи марказии Донишгоҳи Ҳюстони ИМА аз маҷмӯи таҳлилҳои изотопию геохимиявӣ гузаронида шуданд ва натиҷаҳои гирифташуда дар ҳолати коркард қарор доранд.

Бо ифтихормандӣ бояд зикр намуд, ки олимони соҳаи геология  соли равон ду маъдани нав-«Фалғарит» ва «Бадахшонит»-ро кашф намуданд. Дар натиҷаи корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотии саҳроӣ маъдани «Фалғарит» — дар мавзеи кӯҳи Малики соҳили рости дарёи Яғноб ва маъдани «Бадахшонит»  дар 45 км шарқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ (пегматити «Дорожний») кашф карда шуданд. Маъданҳои кашфшуда аз ҷониби Комиссия оид ба минералҳои нав, номгӯй ва таснифоти Ассотсиатсияи байналмилалии минералогҳо 18 сентябри соли 2018 ба қайд гирифта шуданд.

Дар самти корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик,  олимон ва мутахассисони соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо  соли равон бо ташкил намудани 5 экспедитсия корҳои ҳафриётиро дар ёдгориҳои таърихии шаҳраки Саразм,  бошишгоҳи Лагмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,  бошишгоҳи давраи антиқаи Торбулоқи ноҳияи Данғара, ҳамчунин ёдгориҳои таърихии ноҳияи Фархор ва Дарвоз бо муваффақият ва самарабахш ба анҷом расониданд.

Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани ҳафриёт дар ёдгории Саразми бостонии шаҳри Панҷакент оташкадаи мудавваре пайдо карда шуд, ки ба ҳазораи IV-III пеш аз мелод рост меояд. Дар баробари ин сафолпораҳои мунаққаше  низ пайдо гардиданд, ки ба давраи Намозгоҳи II-III тааллуқ доранд. Бозёфтҳои мазкур дар китоби “Таърихи халқи тоҷик” саҳифаҳои нав боз намуда, аз маданияти пешрафтаи халқамон дар аҳди бостон гувоҳӣ медиҳанд.

Дар бошишгоҳи Лагмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Навобод дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ 3 таҳкурсии бо хиштҳои пухта сохташуда пайдо гардиданд. Дарозӣ ва паҳноии хиштҳо 22-23 сантиметрӣ буда, баландиашон 4 сантиметрро ташкил медиҳад. Бозёфтҳои мазкур аз рушди санъати меъморӣ, техникаи истеҳсол ва истифодаи васеи хишти пухта дар ин ёдгорӣ хабар медиҳанд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо дар деҳаи Ҷайралии ноҳияи Фархор бошишгоҳи калон пайдо карда шуд, ки дар ибтидои асрҳои миёна ба вуҷуд омада, давраи асосии мавҷудияти он ба асрҳои IX-XI, яъне замони Сомониён рост меояд. Дарозии он на камтар аз 1 км буда, дар қисмати баландии дарёи Сурхоб, ки ба Уртабуз пайваст мебошад, ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ қабати маъданӣ ва танурҳои маъдангудозӣ кашф гардиданд.

Ҷалби ҳарчи бештари  мутахассисони ҷавон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба  соҳаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, инчунин омода кардани олимони ҷавон дар ин соҳа низ дар Паёми Роҳбари давлат аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардид: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд».

Академияи илмҳо кӯшиш ба харҷ дод, ки  тавассути қабули ҷавонон ба магистратура ва аспирантура, ҳамчунин қабули наврасон ба Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ  бештар дар  соҳаи илмҳои дақиқу техникӣ  ҷалб намояд.

Бо мақсади баланд бардоштани тафаккури илмию техникии наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин дарёфти ҷавонони боистеъдод  дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ Академияи илмҳо ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз озмуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриро барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир менамояд.

Олимони Академияи илмҳо  дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз дастовардҳои навини илму техника барои ихтирооту кашфиёти тоза дар соҳаҳои гуногуни илм ҷаҳду талош варзанд. Онҳо саъй менамоянд, ки  натиҷаҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионии коркардшударо дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ намуда, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузоранд ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо дастовардҳои нави илмӣ истиқбол намоянд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 15, 2018 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд