БА ҲИСОР – БА ТАМОШОИ АСАРҲО ВА ТАРҲҲОИ МИЛЛӢ! Имрӯз дар ин ҷо Намоиши корҳои эҷодии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии шаҳри Ҳисор бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Намоиши асарҳои рассомӣ ва тарроҳии омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи Намоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода зимни суханронии худ иброз намуд, ки донишкадаи мазкур дар тӯли 5 соли корӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. «Боиси ифтихор аст, ки Донишкадаи дизайн бо баргузории чунин намоишҳо фарҳанг ва тамаддуни бою рангини тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст», — изҳори хушнудӣ намуд ӯ.
Мавсуф иброз дошт, ки баргузории чунин намоишҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллии халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси фарҳангдӯстиву ватанпарварии мардуми мо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб зикр кард, ки ба роҳ андохтани чунин тадбирҳо имкон медиҳад, то ки насли наврас дар руҳияи ваҳдату якдилӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбад.
Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл корҳои эҷодии омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт муаррифӣ гардиданд ва баҳои баланд гирифтанд.
«Дар ин намоиш мусаввараҳои рассомони тоҷик, ки аллакай дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон иштирок намуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аз ин намоиши зебо зиёда аз 178 ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ боздид намуда, бо фарҳанги куҳанбунёди миллати мо ошно гардиданд», гуфт муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб.
Маврид ба зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 60 асари эҷодӣ аз ҷумла мусаввирӣ, манзаранигорӣ, нақшунигори миллӣ, кандакорӣ дар чӯб, миниатюра, амалҳои тарроҳии донишҷӯёне, ки дар риштаи дизайни Донишкада таҳсил доранд ба марази тамошо гузошта шуданд.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода изҳор дошт, ки мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ шиносоии насли ҷавон бо фаъолияти донишкада ва бо ин васила ҷалб намудани насли наврас ба санъати орошӣ мебошад.
«Мо санъат ва кори тарҳрезии донишкадаро ба намоишгоҳ оварда, ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Ҳисор расониданием, ки дар ҷумҳурӣ донишкадае ҳаст, ки рассомон, тарроҳон, ороишгарони корҳои амалиро омода мекунад», — гуфт номбурда.
Бояд гуфт, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 таъсис ёфта, дар давоми фаъолияти худ кадрҳои баландихтисосро омода намудааст. Дар донишкада ду факултет — факултети «Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои «Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ», «Графика ва санъатшиносӣ», факултети «Дизайн» бо кафедраҳои «Дизайн», «Санъати ороиши амалӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва иқтисод», «Тарҳрезии бадеии либос», инчунин кафедраи «Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ» дар назди раёсати донишкада ташкил гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур аз 1 то 10 декабри соли равон идома меёбад.









Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд






