Дар Душанбе масоили ташкили бизнес-форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2018 /АМИТ “Ховар”/. Масоили баргузор намудани бизнес-форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ дирӯз зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Роҳбари ҳамоҳангсози Дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тарик Мете баррасӣ гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои намоишгоҳҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат дар ҷалби сармояи Ҷумҳурии Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омўзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои бунёди Маркази истеҳсоли армуғонҳо ва маводҳои чопӣ дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.
Дар ин замина масъалаи тамдид намудани Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки соли 2006 ба имзо расида буд, низ баррасӣ гардид.
Ҷиҳати омузиши таҷрибаи Туркия мутахассисони баландихтисос бо мақсади омўзонидани кормандони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла барои тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, марказҳои дилхушӣ ҷалб карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Туркия соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, аз рӯи маълумоти омори Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ 10% иқтисодиёти ин кишвар аз бахши сайёҳӣ ташаккул меёбад.
Дар бобати қабули сайёҳони хориҷӣ дар ҷаҳон ҷойи шашумро, баъд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Италия, Шоҳигарии Испания ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ишѓол менамояд.
Дар баробари ин, таҷрибаи ин кишвар ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, хизматрасонӣ, роҳҳои муосири тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва идораи истироҳатгоҳҳо, омодасозии кадрҳои соҳа ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти сайёҳӣ қобили таваҷҷуҳ аст.
Дар Туркия намудҳои сайёҳии экологӣ, аграрӣ, воқеавӣ, сафарӣ, сайёҳии зимистона, зиёратӣ, сайёҳии кўдакона, сайёҳии варзишӣ, рафтинг ва кўҳнавардӣ хеле тараққӣ ёфтаанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо бо назардошти рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҷрибаи Туркия дар самти хизматрасонии баланд ва зарфияту имкониятҳои фаровони Тоҷикистон фаъол намудани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Туркияро дар бахшҳои сайёҳии солимгардонӣ, таърихӣ, варзишӣ, табиатшиносӣ, рафтинг ва корӣ хеле муҳим арзёбӣ намуданд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






