Дар фестивали «Боми ҷаҳон-макони сайёҳӣ» ҳунарҳои мардумӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ ба намоиш гузошта шуданд
ХОРУҒ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали минтақавии сайёҳии «Боми ҷаҳон-макони сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар фестивал намояндагони шуъбаҳои рушди сайёҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузор намудани Фестивали минтақавии сайёҳии «Боми ҷаҳон-макони сайёҳӣ» боз ҳам аз наздик шинос намудани масъулони шуъба ва бахшҳои рушди сайёҳии минтақаҳои кишвар бо мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихии минтақаи Бадахшон ба ҳисоб меравад. Сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаи иқтисодиёт ба шумор рафта, барои таъсиси ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин дар ин замина метавон фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва маконҳои сайёҳию таърихиро барои сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намуд. Таъсис додани як сохтори алоҳида барои рушди соҳаи сайёҳӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба рушди ин соҳа гувоҳӣ медиҳад.
Мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Умриниссо Ниёзбекова гуфт, ки «шароити мусоиди табиӣ, иқлими гуногуни Тоҷикистон барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва ба роҳ мондани хизматрасонии муосири ҷаҳонгардӣ имконият медиҳанд ва ин аст, ки сол аз сол шумораи сайёҳон боз ҳам афзоиш меёбад. Дар чанд соли охир масъалаи омода намудани мутахассисони касбии соҳаи сайёҳӣ бо шумули тарҷумонҳои забонҳои гуногуни хориҷӣ, раҳнамо барои кӯҳнавардон, дӯстдорони фарҳангу ҳунар дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Зеро бе мутахассиси касбӣ рушди ин ё он соҳа ғайримкон аст».
Иштирокчиёни фестивали минтақавии сайёҳӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Ин намоишгоҳ аз он шаҳодат медод, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ воқеан соҳаҳои мазкур хеле инкишоф ёфтаанд. Танҳо дар ин сол садҳо нафар ҳунармандони мардумӣ ба таври инфродӣ ва дастҷамъона ба фаъолият оғоз карда, маҳсулоти онҳо мунтазам ба намоишу фурӯш гузошта шуданд.
Дар ҷараёни фестивал филмҳои кӯтоҳи мустанад, ки ба қалъаҳои қадимӣ, қуллаҳои осмонбусу кӯлҳои афсонавӣ ва расму суннатҳои сокинони ноҳияҳои ин вилоят бахшида шуда буданд, ба намоиш гузошта шуданд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






