Дар Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар Чин мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастии Тоҷикистон намоиш дода шуданд

Декабрь 4, 2018 08:23

ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 1-2-юми декабри соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии асбобҳои мусиқӣ ва дуюмин Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, ки дар мавзеи сайёҳии «Экспо-парки хонаҳои қадима»-и шаҳри Бенгбуи музофоти Анхой доир гардиданд, иштирок ва суханронӣ намуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, Парвиз  Давлатзода оид ба фарҳанги пурғановат, санъату ҳунари волои мардуми тоҷик, рушду пешрафти иқтисоди кишвар сухан ронда, вобаста ба рушди бомароми ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи тиҷорату фарҳанг ва имконоту фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Дар доираи сафари мазкур мулоқоти Сафир бо аъзои Шӯрои мардумии машварати сиёсӣ, Раиси Иттиҳодияи Санҷианг ва Роҳбари «Экспо-парки хонаҳои қадима» Ма Гуосианг ва муовини Раиси шаҳри Бенгбу хонум Ҷанг Сиаоҷинг баргузор гардида, масъалаи бунёди хонаи тоҷикӣ дар Бенбу матраҳ карда шуд.

Ҳамчунин 2 декабр дар доираи ҳарду ҳамоиш бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ қабул шудани Чакан намоиши мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Сафир Парвиз Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Бенгбу хонум Ҷанг Сиаоҷинг, аъзои Шӯрои мардумии машварати сиёсии Чин Ма Гуосианг, Сафири Озарбойҷон дар Чин Акрам Зайналӣ бо гузоштани имзо дар лавҳаи идона ба намоиш оғоз бахшиданд.

Дар намоиш беш аз 30 акс, ки бахшҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои тамошобоби кишвар, расму оин, ҳаёти имрӯзаи мардуми кишвари моро инъикос мекунанд, либоси миллӣ, маҳсули ҳунарҳои дастӣ, ба монанди гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ ва ғайра ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Намояндагони сохторҳои давлатии шаҳри Бенгбу, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони Намоишгоҳи байналмилалии асбобҳои мусиқӣ ва дуюмин Форуми байналмилалии муколамаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар намоиши мазкур  иштирок карданд.

Декабрь 4, 2018 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд