Дар кишвари Хабаровски Федератсияи Россия Ҳафтаи фарҳангии «Мардуми тоҷики ман» ҷараён дорад

Декабрь 8, 2018 12:20

 ДУШАНБЕ, 08.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар донишгоҳҳои олии кишвари Хабаровски Федератсияи Россия бо ибтикори фаъолон ва роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстии тоҷикон  Ҳафтаи фарҳангии «Мардуми тоҷики ман» оғоз гардид, ки тайи як моҳ идома меёбад.

Дар робита ба ин Ҳафтаи фарҳангӣ чанде пеш бо ибтикори Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Новосибирск Зардӣ Шамсиддин, узви фаъоли ҷамъияти тоҷикони Хабаровск Сироҷиддини Раҷабиён ва раиси тоҷикони кишвари Хабаровск Моҳтоб Ғафурова дар донишгоҳҳои кишвари Шарқи Дур ҷамъомади  донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷамъомад  маҳсули дасти тарроҳону чакандӯзҳои тоҷик, китобҳои адибони классик, мусаввараҳо бо манзараҳои  табиати нотакрори Ватанамон, хӯрокҳои миллии тоҷикона, чун оши палов, самбусаҳо, мошкичирӣ, шакаробу оши бурида, фатирмаскаву ширбат, турушбату нашоиста, нонҳои гирдачаву чаппотӣ, кулчаҳо ва дигар намудҳои хӯрокҳои миллиамон ба тамошо гузошта шуданд.

Аз намоишгоҳи мазкур дар қатори ҳазорҳо нафар донишҷӯён ҳамчунин сокинони маҳаллӣ  дидан карда, бо ҳунару маҳорати бонувону ҳунармандони тоҷик шинос гардиданд. Меҳмонон бори дигар итминон пайдо намуданд, ки тоҷикон миллати қадимтарину соҳибфарҳанг ва зеборӯзгору донишманду пешрафтаанд. Онҳо миллате ҳастанд, ки метавон аз таъриху фарҳанги бойю рангинашон омӯхту ибрат гирифт.

Дар ҷамъомад миёни донишҷӯён дар бораи таъриху фарҳанги тоҷикон, шаҳрҳои қадимии онҳо, расму оинҳои ниёгон викторинаи адабӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии ҷамъияти тоҷикони Шарқи Дур ва тоҷикони саховатпеша- Сироҷиддин Раҷабиён ва Моҳтоб Ғафурова қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ дар шинохту муаррифии миллат ва расму оинҳои миллии тоҷикон нақши муҳим мегузорад.

 Садбарги БОҚӢ,
хабарнигори  
АМИТ «Ховар» дар ФР

Декабрь 8, 2018 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд