Дар шаҳри Душанбе нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии «Рухом» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маросими ифтитоҳ ва муаррифии нуқтаи савдои маҳсулоти ҳунарҳои мардумии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маросими ифтитоҳи он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» Муфарраҳ Муҳаббатов ва дигарон иштирок намуданд.
Ҷонишини директори генералии ҷамъияти мазкур Шаша Қуқанов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки имсол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Бо эълон гардидани ин сол мо, соҳибкорони ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ сарукордошта кӯшиш намудем, ки маҳсулоти нави ватаниро ба мизоҷони худ, аз ҷумла, сайёҳони хориҷӣ пешниҳод намоем.
«Иқдоми мо ба хотирест, ки маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро ба сайёҳону меҳмонони пойтахт муаррифӣ ва бо сифати баланд пешниҳод намоем. Зеро ҳар як сайёҳе, ки ба мамлакати мо ташриф меорад, мехоҳад аз инҷо барои худ ё наздикону пайвандонаш армуғон ё туҳфае бигирад»,-илова намуд номбурда.
«Мо,- гуфт Шаша Қуқанов, — бештар аз сангҳои Ватани худ маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ омода ва ба фурӯш мебарорем. Дар баробари ин дар маҳсулоти сангии омоданамудаи худ нақшҳои миллии кундалро истифода мебарем. Он чизе, ки таваҷҷуҳи мизоҷон, аз ҷумла сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуд, ин дар табақҳои сангин ҷой додани нақши кундал ва манзараҳои биҳиштосои Тоҷикистон мебошад», — гуфт ҷонишини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом».
Бояд гуфт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» соли 1994 таъсис ёфта, ба омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои рангаю ороишӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ машғул мебошад. Самти дигари фаъолияти корхона- ин бурдани корҳои илмӣ-оммавӣ оид ба омӯзиши фанҳои табиии заминшиносӣ, сохтани коллексияҳои бойигариҳои табиии Тоҷикистон, сарҷамъ намудани минералҳо, коллексияҳои палеонтологӣ дар ҳамкорӣ бо Саридораи геологияи тоҷик ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре зимни муаррифии маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, маҳсулоти асосие, ки корхона истеҳсол мекунад, ин мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанди ҳархела, дастпона, гӯшвор, овезаҳо барои калидҳо, шамъдонҳо, гулдонҳо, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ мебошанд.
Зикр шуд, ки маҳсулоти корхона на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки ба давлатҳои Россия, Чин, Покистон, Афғонистон, Германия ва дигар мамлакатҳои дуру наздик содирот карда мешавад.
Дар корхонаи мазкур дар баробари мавҷуд будани самтҳои истеҳсолот ҳамчунин истеҳсоли маҳсулоти суфташуда ҷои намоёнро ишғол менамояд. Дар он усулҳои махсуси технологияи коркарди сангҳо ба роҳ монда шудаанд ва дар ин соҳа аз таҷҳизоти гуногун истифода бурда мешавад.
Ба иттилои масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом», соли 2006 корхонаи онҳо узви Ассотсиатсияи осиёимиёнагӣ оид ба дастгирии ҳунарҳои мардумӣ гардид. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи мазкур соли 2008 устои харрот Намоз Назаршоев бо маҳсулоти тайёркардааш ғолиби озмун гашта, соҳиби нишони сифати ЮНЕСКО ба маҳсулоти худ гардид.
Мавриди зикр хос аст, ки ҶДММ «Рухом» дар бисёр намоишгоҳҳои сатҳи олии ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар сатҳи баланд муаррифӣ намудааст. Аз ҷумла, дар Намоишгоҳи байналмилалии сатҳи олии «Экспо-2005» дар Япония, «Экспо-2010» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, намоишгоҳи 20-солагии ИДМ дар соли 2011 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, «Экспо-Ёхсу- 2012» дар Кореяи Ҷанубӣ, «Экспо Авроосиё-2012» дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ғайраҳо маҳсулоти он аз ҷониби иштирокдорони ин маъракаҳо баҳои баланд гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Рухом» дар номгӯи «Маснуоти ҳунарҳои мардумӣ» муддати ҳафт соли охир пайи ҳам «Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе» дониста шудааст.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»







































Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






