Дар шаҳри Турсунзода асарҳои тасвирӣ ва ҳунари тарроҳони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ намоиш дода шуданд

Декабрь 12, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар осорхона ва китобхонаи ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Турсунзода Намоиши асарҳои рассомию тарроҳӣ ва ҳунарҳои миллии омӯзгорону донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» баргузор гардид. Дар намоиш зиёда аз 70 асари омӯзгорону донишҷӯён, аз ҷумла санъати тасвирию наққошӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар чӯб, бофандагии бадеӣ, кулолгарӣ, тарроҳии либосҳои миллӣ аз диди аврупоӣ дар риштаи дизайн-мӯд ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи Намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, осорхона ва китобхонаи шаҳри Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва шахсони масъул ширкат доштанд.

Директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонов зикр намуд, ки муассисаи мазкур тайи 82 соли фаъолият бо баргузории чунин намоишҳо санъат ва фарҳанги тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Мақсади баргузории намоиш- шиносо намудани насли ҷавон бо фаъолияти Коллеҷ ва ба ин восита ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба санъат ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки баргузории чунин намоишҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллии халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси фарҳангдӯстиву ватанпарварии мардуми тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов аз соли 1936 инҷониб фаъолият намуда, зиёда аз 4800 нафар кадрҳои баландихтисосро омода намудааст. Ин боргоҳи маърифат аз рӯи 11 ихтиссос рассомон, тарроҳон, заргарон, кулолгарон, кандакорону қолинбофонро омода менамояд.

Декабрь 12, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд