Дастранҷи косибону ҳунармандони тоҷик имрӯз дар Фестивали «Рангоранг» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло беш аз 140 ширкати сайёҳӣ ва шаш ҳазор ҳунармандону косибон фаъолият дошта, онҳо аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд. Ин нуктаро дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии «Мероси Шоҳроҳи Абрешим- «Рангоранг» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода иброз дошт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА иттилоъ медиҳад, ки Фестивали мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон гузаронида шуда, ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд.
Зимни ифтитоҳи фестивали фарҳангӣ Нӯъмон Абдуғаффорзода ҳамзамон иброз дошт, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат аз оғози Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, паст кардани арзиши аслии маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо тамоми кӯшишу захираҳо истифода гардида истодаанд. Зикр шуд, ки ҳадафи ташкили «Фестивали байналмилалии Мероси шоҳроҳи Абрешим»- «Рангоранг» таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун давлати мусоид барои сайёҳон, муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ мебошад. Гуфта шуд, ки ҳунарҳои дастии мардумӣ дар радифи дигар захираҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳанги миллӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии «ITB-Берлин», «Интурмаркет», «MITT» -и Россия, «ТопРеса»-и Франсия, Форум ва намоишгоҳи «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» дар шаҳри Сеул, Алмаато, Куала-Лумпур, Салоник, Токио, Тошканд Ӯзбекистон, Риёз, Ҷидда, Доҳа, Лос-Анҷелес ба маърази тамошои дӯстдорони саёҳати Тоҷикистон гузошта шуданд.
Инчунин бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ давоми сол бо мақсади муаррифии фарҳанги миллӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ намоишгоҳҳои «Рӯзи заргарон», «Рӯзи оҳангарон», «Рӯзи чакандӯзон» ва инчунин намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти армуғонии ҳунармандон таҳти унвони «Тоҷикистон–ҷаҳони саёҳат» пешкаши сокинони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ гардонида шуданд. Ҳамзамон ҳунарҳои мардумӣ дар барномаҳои миллӣ, аз ҷумла, Форум ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Норак, Фестивали сайёҳии «Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ», «Ҷилваи чакан», Фестивали байналмилалии сайёҳии таомҳо ва пуфакҳои ҳавоии «Пур Нур» дар шаҳриДушанбе ба таври шоиста таблиғу ташвиқ гардиданд. Фестивали мазкур ба рушди ҳунарҳои дастӣ, нигоҳдории анъана ва расму оинҳои миллӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар Фестивали байналмилалии «Мероси шоҳроҳи Абрешим»- «Рангоранг» аз минтақаҳои гуногуни кишвар косибону ҳунармандон маҳсули дасти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд, ки аз он намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ боздид намуданд.
Дар ҳошияи Фестивал дар мавзӯи «Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ- омили муҳими ҷалби сайёҳон» конфронси илмӣ – амалӣ баргузор гардид, ки дар он донишмандону пажӯҳишгарон дар мавзӯъҳои «Дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар замонии истиқлолияти давлатӣ», «Тоҷикистон дар Шоҳроҳи абрешим», «Осори фарҳангиву таърихӣ дар рушди тиҷорат ва сайёҳӣ» ва «Осорхонаи мардумшиносӣ- муаррифи фарҳанги миллӣ» маърӯза намуданд.
Баргузории Фестивали байналмилалии «Мероси шоҳроҳи Абрешим»- «Рангоранг» барои муаррифии шарикони миллию байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пайваст ва дорои чор пайроҳаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим хеле муҳим буда, самаранок истифода намудани ин бренд баҳри ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории Фестивали байналмилалии «Мероси шоҳроҳи Абрешим»- «Рангоранг» дар Душанбе дар ҳолест, ки 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид /ЮНЕСКО/, ки дар шаҳри Порт –Луиси Маврикий доир гардид, як навъи гулдӯзии тоҷикон- чакан ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.













Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад






