Иштирокдорони фестивали сайёҳии «Боми ҷаҳон –макони сайёҳӣ» аз бозори муштараки Тоҷикистону Афғонистон боздид намуданд
ХОРУҒ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни фестивали сайёҳии «Боми ҷаҳон –макони сайёҳӣ» баъди сафар ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи фестивал аз бозори наздимарзии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ боздид намуданд.
Тавре қаблан хабар додем, аз 30 ноябр то 3 декабр дар вилоят аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Фестивали сайёҳии «Боми ҷаҳон-макони сайёҳӣ» баргузор гардид. Ба итттилои манбаъ, тамоми барномаи он ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд.
Дар баробари баргузории суҳбат бо ширкати коршиносони манотиқи мухталифи кишвар ва намоиши маҳсулоти дастию филмҳои ҳуҷҷатӣ, саёҳат ба мавзеъҳои таърихию чашмаҳои шифобахш, ҳамчунин иштирокчиёни ин фестивал аз бозори марказии назди маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дидан намуданд.
Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Ҳамзаи Фарҳод гуфт, ки «ба иттилои мо чанд моҳи охир ин бозор бо сабаби мураккаб шудани вазъият дар марзи кишвари ҳамсояи Афғонистон баста буд. Хушбахтона, бо оғози ин фестивал ва омадани гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳӣ ва коршиносони масоили ҷаҳонгардӣ имрӯз дарвозаи бозори наздимарзӣ боз шуд. Бозор танҳо ҷои хариду фурӯш нест, балки мафҳуму моҳияти он хеле васеъ аст. Бозор ин макони табодули расму оин, маълумот оид ба фарҳангу ҷуғрофиёи ин ё он кишвар аст. Ҳар як сайёҳе, ки ба кишварҳои хориҷӣ, бахусус мамолики шарқ сафар мекунад, қабл аз ҳама, кӯшиш мекунад, ки аз бозор дидан намояд. Маҳз дар ҳамин ҷо оид ба расму суннат, одобу ахлоқ, муоширату муносибати сокинони маҳаллӣ маълумоти пурра пайдо мекунад».
Муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар суҳбат бо тоҷирони тоҷику афғон гуфт, ки ин ва дигар бозорҳои муштарак, ки дар дар болои рӯдхонаи Панҷ бунёд шудаанд, яке аз дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ва ин аз муносибати некбинонаи Пешвои миллат нисбат ба кишварҳои дуру наздик шаҳодат медиҳад. Мутобиқи сиёсати Пешвои миллат дарвозаҳои Тоҷикистон барои ҳамаи онҳое, ки ба арзишу манфиатҳои миллии давлати мо арҷ мегузоранд, ҳамеша боз аст.
Мувофиқи нақшаи генералии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маҳаллаи Тем як шаҳри зебову ҳозиразамони дорои 20 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд карда мешавад. Мутобиқи нақшаи мазкур инфрасохтори ин бозор боз ҳам беҳтар хоҳад шуд..
Ба гуфтаи коршиносони масоили сайёҳӣ, баргузории чунин фестивалҳо имкон медиҳад, ки шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои дурдасти кишвар ҳарчи бештар муаррифӣ гарданд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






