«МегаФон Тоҷикистон» барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат соҳиби ҷоиза гардид

Декабрь 11, 2018 14:01

ДУШАНБЕ, 11.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Москва калонтарин озмуни Аврупои Шарқӣ дар соҳаи коммуникатсия «Eventiada IPRA Golden World Awards» ҷамъбаст гардид. Дар номгӯи «Беҳтарин лоиҳа дар соҳаи коммуникатсияи корпоративӣ» ширкати «МегаФон Тоҷикистон»-ташкилкунандаи лоиҳаи  «Digital Silk Road»  барои журналистон ва блогерҳо ғолиб омад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.

Мақсади лоиҳаи «Digital Silk Road» муаррифии ҷаззобияти сайёҳии Тоҷикистон ва нишон додани эътимоднокии алоқаи мобилӣ дар хатсайрҳои сайёҳии ВМКБ мебошад.

Иштирокдорони «Digital Silk Road» — журналистон ва блогерҳо аз Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон 2 350 километр роҳро тай намуданд. Хатсайри сафар иншооти нодири ёдгориҳои фарҳангии дар хориҷ на он қадар машҳур: Қалъаи Хумб-собиқ пойтахти шоҳигарии Дарвоз, Карони қадим, ки таърихаш аз асри IX оғоз меёбад, маҷмааи нодири буддоии Вранг, ағбаи Қулмаро, ки дар баландии 4 365 аз сатҳи баҳр- пойгоҳи баландтарини «МегаФон» қарор дорад, дар бар гирифт. Боздид аз ин мавзеъҳо имкон медиҳад, ки маълумоти ҷолиби ба даст омада пешниҳоди хонандагону бинандагон гардад.

15 октябри соли 2018 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

«Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли равон  Кумитаи рушди сайёҳӣ бо шарикон доир ба ташкили як зумра барномаҳои глобалӣ барои намоиш додани имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозори туризми ҷаҳонӣ корҳои назаррас ба сомон расонид. Лоиҳаи  «Digital Silk Road» яке аз онҳо мебошад. Лоиҳа дар се мамлакат муваффақ шуд ва шумораи зиёди одамонро фаро гирифт. Имрӯз мо хеле хушҳолем, ки ин лоиҳа ба гирифтани мукофот ноил шуд. Бо шарофати фаъолияти муштарак имрўз ҷумҳуриамон миёни дигар кишварҳо соҳиби  ҷаззобияти сайёҳӣ гардид», — иброз дошт мутахассиси Кумитаи рушди сайҳӣ Абдукарим ҚУРБОНОВ.

Ба натиҷаҳои лоиҳаи «Digital Silk Road» ҳакамони озмуни байналмилалӣ баҳои баланд доданд. Соли равон барои дарёфти ҷоизаи «Eventiada IPRA Golden World Awards» муваффақиятҳои сайёҳӣ аз 13 давлат- Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Булғористон, Венгрия, Қазоқистон, Латвия, Полша, Россия, Сербия, Хорватия ва Эстония пешниҳод гардиданд.

Валентина Бутник

«Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, мо хостем лоиҳае роҳандозӣ намоем, ки воқеан ҳам ҷолибу босамар ва бозгӯкунандаи  зебоиҳои мамлакати мо бошад. Фикр мекунам, эҳсосоти шахсии мо зимни иҷрои ҳама корҳои муҳиме, ки барои лоиҳа анҷом додем, зуҳур намуд ва дар ҷамъбасти лоиҳа мукофоти мусобиқаро маҳз Тоҷикистон соҳиб гардид!», – мегӯяд директори робита бо ҷомеаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Валентина БУТНИК.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Digital Silk Road»  бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Декабрь 11, 2018 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад